Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Гулназар ҳайрон мешавад: чаро онҳо ўро ба ҳалқаи худ гирифтанд? Барои чӣ нимтанаашро кашад? Оё чунин рафтори ношоям ба шаъни ҷавонони имрўза мезебад?..
– Зудтар бош! –аз таъхири Гулназар ба ғазаб меояд сардори гурўҳ. – Агар не, худамон мекашем…
Ин дам Саидалӣ ҳушёр шуда, саросема худро даруни ҳалқа мегирад ва дар гўши сардори гурўҳ чизе мегўяд.
Сардор як қад парида, дасту по мехўрад ва бо овози ларзон ба ҳамроҳонаш амри фирор медиҳад. Ҳамин тариқ, ҷавонони нохост дар кўча пайдошуда нохост ба куҷое ғайб мезананду шоирон ба роҳи худ мераванд…
Вақте ба хона расиданд, Гулназар аз Саидалӣ мепурсад:
– Дар воқеъ, ту чӣ гуфтӣ, ки онҳо ин қадар тарсида ба чор тараф гурехтанд?
Саидалӣ, ки акнун тамоман ҳушёр шуда буд, кифт барҳам кашид.
– Ба худо, дар ёдам нест. Чун дидам, ки онҳо туро миёнагир карданд, аз ғояти тарс хуши ман рафт ва намедонам чӣ гуфтам…
АЗ АҶИБТАР ҲАМ АҶИБТАР
Ҳоҷӣ Мурод бедимоғ буд, хаставу парешон менамуд, бо касе майли суҳбат надошт. Аз нуқтаи номаълуми фазои ҳуҷра чашм наканда, хомўш менишаст. Ҳар замон оҳҳои бадард кашида, пай дар пай сигарета дармегиронд. Аз ростӣ, он рўз то танаффус ақаллан боре ҳам гиреҳи пешонаи ў кушода шуд ё лабҳояш ба табассум моил гардиданд– дар хотир надорем.
Вале баъд…
Ҳоҷӣ Мурод бо рўҳи болида аз танаффус баргашт, хурсанду хушҳол буд, ҳазлу шўхӣ менамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё