Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Боз ба бинои Союз омада, дар буфет қаҳва фармудем.
Аз куҷое Шодӣ Ҳаниф ва Убайд Раҷаб пайдо шуданд.
Суҳбат қўр гирифт.
Мавзўи суҳбат– кори комитети мукофоти давлатӣ (Ба номи Рўдакӣ) буд. Убайд Раҷаб аз воқиаи мактуб худро бехабар вонамуд. Саттор собит намуд, ки мактуб дар кабинети ў маслиҳату иншо шудааст.
Убайд хост рад кунад. Вале Саттор аз суханҳои иштирокчии он суҳбат ва яке аз муаллифони мактуб– Сафар Абдулло мисол овард. Убайд дигар хап кард.
Шодӣ қарори комитетро аз рўи адолат надонист.
«Романи Ҷумъа Одина сазовори чунин мукофоти баланд нест, – гуфт ў. – Як асари миёнаи бадеияташ сустро, ки боз чандин камбудиву норасоӣ дорад, чӣ тавр метавон беҳтарин шуморанд? Канӣ инсоф?! Ин не, вай не, аъзоҳои комитет зоҳирбинӣ карданд, яъне хаси рўи обро дидаанду гавҳарии зери дарёро не. Романи Саттор воқиан ҳам «гавҳари зери дарё» буд. Сад афсўс!!.»
Хуллас, суҳбат тўл кашиду ақрабаки соат ба чор майл кард. Ман бо баҳонаи «маҷлис дорем» бархостам. Убайду Шодиву Саттор низ дигар дар буфет нанишастанд.
Ба идора биёям, телефони Дилбар нест. «Аппарат вайрон баромад, – посух дод ў, – ба мудири хоҷагӣ баргардондам, ки созашро биёрад».
Соати 5 дар кабинети Кароматулло (директори нав) ҷамъ шудем ва ба конференсияи иттифоқи касаба вакил интихоб намудем. Баъд бо Ҳайрат сари тахтаи шоҳмот нишастем. Имрўз ҳам кори ў омад накард, бозиро бой дод– 3 бор.
Fалабаи ман ба Дилбар рўҳ бахшид. Ў ба Ҳайрат гуфт, ки маҳорати шоҳмотбозиаш паст шудааст ва агар шабҳо дастуру китобҳои доири шоҳмотро кам– кам варақ занад, бад намешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё