Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Пешоянд. Пешояндҳо дар алоқаи калимаҳо дар ибора ва ҷумла мавқеи бузург доранд, ки он аз табиат ва сохти аналитикии забони тоҷикӣ сар мезанад. Исму ҷонишинҳои исмӣ ва калимаҳои исмшуда ба воситаи пешояндҳо ба феъл, сифат ва исм тобеъ шуда, муносибатҳои гуногуни синтаксисиро ифода менамоянд. Пешояндҳо бештар дар ташкили ибораҳои феълӣ иштирок менамоянд: ба писар фармудан, аз модар илтимос кардан, бо меҳмон сӯҳбат кардан, дар даст доштан, аз хона пеш кардан, то рӯз навиштан, аз пагоҳ сар кардан, барои хондан омадан.
Пешояндҳо дар ташкили ибораҳои сифатӣ низ серистеъмоланд: зиндагии аз асал ширин, одами дар шаҳр машҳур, бачаи дар хондан танбал, меҳмони ба мо ношинос, либоси барои сафар нобоб.
Пешояндҳо дар ташкили ибораҳои исмӣ кам иштирок менамоянд. Ба воситаи пешоянд исмҳои амалу ҳолат дигар исмҳоро тобеъ менамоянд: мубориза бо босмачиён, мулоқот бо шоирон, халосӣ аз марг, шиносоӣ бо раис, ҷудоӣ аз рафиқон, воқиф аз ҳама, вохӯрӣ дар Москва, гуфтугӯ дар беша, маълумот доир ба ҷумла.
Алоқаи калимаҳо бо пешоянд дар доираи ибора маҳдуд намешавад. Бо пешоянд дар таркиби ҷумла воҳидҳои синтаксисие меоянд, ки ба яке аз аъзоҳо ё гурӯҳи аъзоҳои ҷумла не, балки ба мундариҷаи тамоми ҷумла алоқа доранд. Ин гуна аъзоҳои ҷумларо детерминант меноманд: Бегоҳии ҷумла бо вуҷуди навкор ва ноомил буданашон ҳар кадомамон дувоздаҳ-понздаҳтогӣ кор баровардем (Х. Ирфон, Дар кулбаи косибон).
Пасоянд. Дар забони адабии тоҷик пасояндҳо зиёд нестанд. Пасояндҳои -ро, барин, боз, замон, ҳамон ва ғайра дар ифодаи муносибатҳои гуногун истифода мешаванд.
Пасояндӣ -ро бо исм, ҷонишинҳои предметӣ ва калимаҳои исмшуда меояд. Вай барои алоқаи феъли гузаранда ва пуркунандаи бевосита хизмат мекунад. Ин алоқаи наздикалимагӣ буда, муносибати объектиро ифода мекунад ва мансуби ибора аст: падарро дидан, Ҳотамро гусел кардан ва ғ. Пасоянди -ро дар ибораҳои амсоли модарро дил, маро ягона орзу, ки мансуби услуби мунтани бадеист, дар алоқамандии ҷузъҳои ибораи исмӣ барои ифодаи соҳибият омадааст.
Пасоянди -ро дар ибораҳои феълӣ, ки аз феълҳои монда ва ҳиссаҳои номии нутқ ташкил ёфтаанд, омада, бо пешоянд ҳамвазифа мешавад: падарро гуфтан — ба падар гуфтан, туро гуфтан — ба ту гуфтан, дарёро гузаштан — аз дарё гузаштан.
Пасоянди барин бо исму ҷонишин омада, дар ибораҳои феълию номӣ муносибати қиёсро ифода мекунад: оҳу барин давидан, пахта барин сафед.
Пасояндҳои боз, замон, ҳамон асосан дар ташкили ибораҳои феълӣ иштирок менамоянд. Пасоянди боз бо исм ва ибораҳои исмӣ, замон ва ҳамон бо масдар меояд: шаб боз надидан,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё