Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

саройҳо, растаҳо, бозорҳо, тимҳо, мадрасаҳо, китобхонаҳо, ма-нораҳо, масҷидҳо — ҳама ва ҳама сӯхта хокистар гардида бу-данд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Калимаҳои таркиби ибора аз рӯи муносибати маъноӣ ва грамматикӣ аз бисёр ҷиҳат ба муносибати байни аъзоҳои ҷумла шабоҳат дошта бошанд ҳам, аммо онҳо бо хусусиятҳои махсус аз якдигар фарқ мекунанд. Ин хусусиятҳо имкон медиҳанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар бобҳои алоҳидаи синтаксис омӯхта шаванд. Фарқҳои асосии онҳоро ба тарзи зер баён кардан мумкин аст.

  1. Дар таҳлили ибора калимаҳои тобеъ на аз ҷиҳати муноси-бати онҳо ба ин ё он аъзои ҷумла, балки аз ҷиҳати мансубия-ташон ба ҳиссаҳои мустақилмаънои нутқ аз назар гузаронида мешаванд. Мисол: Ӯ як духтари мешчашми сафедрӯи ҷинги-ламӯи миёнақомати пуррабадане буд (С. Айнӣ, Ғуломон). Дар таҳлили ин ҷумла аз ҷиҳати аъзоҳои ҷумла забоншинос ду аъ-зои ҷумла — мубтадо (ӯ) ва хабарро (як духтари мешчашми сафедрӯи ҷингиламӯи миёнақомати пуррабадане буд) ҷудо на-муда, нишон медиҳад, ки хабари ҷумла таркибии номӣ буда, аз ҳиссаҳои номӣ ва бандаки хабарӣ ташкил ёфтааст. Аммо дар вақти аз нуқтаи назари ибора таҳлил намудан ӯ ба тар-зи ифодаи мубтадову хабар кордор нашуда, балки ҷустуҷӯ ме-намояд, ки ин ҷо калимаи асосӣ, тобеъкунанда ва тобеъ кадом аст, онҳо ба кадом ҳиссаҳои нутқ мансубанд, чӣ тавр, ба ка-дом восита пайванд шудаанд, муносибати маъноишон чӣ хел аст. Аз ин ҷиҳат вай дар ин ҷумла як ибора — ибораи исмиро пайдо намуда, нишон медиҳад, ки ҳиссаи тобеи ибора, ки си-фат буда, ба ҷузъи асосӣ бо бандаки изофӣ пайванд гардида-аст, бо тобеъкунандаи худ муносибати муайянкунандагӣ дорад.

  2. Аксар ҷузъҳои ибора аъзоҳои ҷудогонаи ҷумларо таш- кил менамоянд. Чунончи, дар ибораи феълии қоидаро аз худ кардан ҳиссаи тобеъкунандаи он — аз худ кардан — хабар ва ҳиссаи тобеиаш — қоидаро пуркунанда ба шумор меравад. Бар акси ин ибораҳое низ ҳастанд, ки бо тамоми ҳайати худ як- лухт дар ифодаи яке аз аъзоҳои ҷумла хизмат мекунанд. Ма- салан: Вай одами калоншаванда аст (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳ- корам).

Ҷузъҳои таркиби ибора муносибати ду мафҳумро, ки муно- сибати маъноию синтаксисӣ ба шумор меравад, ифода меку- нанд. Аз ин ҷиҳат бар акси аъзоҳои ҷумла, ки асосан ба маъ- ноҳои умумӣ ва нисбатан муҷаррад сару кор дошта, аз маъно- ҳои ҷузъӣ сарфи назар мекунанд, калимаҳои таркиби ибора ҷузъитарин маъноҳоро ҳам аз назар дур намекунад. Тадқиқот- чӣ ҳангоми таҳлили ибора тамоми муносибатҳои маъноии ҷузъ- ҳо, ҳатто ҷилоҳои маъноии онҳоро ҳам ба инобат мегирад. Ба- рои тасдиқи ин маънӣ мисоли поёнро аз назар гузаронидан кифоя аст.

Дар се ибораи зерини феълӣ муносибатҳои замонӣ ифода

пешина
аз 312
навбатӣ