Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

буданаш бошад... дар бораи Абӯалӣ ибни Сино... афсонаҳои бисёре паҳн шудааст (С. Айнӣ, Куллиёт).

Баъзе аз зарфҳои замон низ ба сифатҳо пайванд гардида, ибораҳои сифатӣ месозанд. Ин гуна ибораҳо одатан муносибати замониро ифода менамоянд: аломате, ки ба воситаи сифат ифода ёфтааст, бо роҳи нишон додани замони мавҷудияти он пурра ва аниқ карда мешавад: ҳамеша хушҳол, доимо ғамгин, мудом сабз, гоҳо дуруст, баъзан хушҳол.

Баъзан масдар низ бо сифат ибораи сифатӣ ташкил менамояд. Миқдори сифатҳои бо масдар оянда аз ҷиҳати лексикӣ ниҳоят маҳдуд буда, онҳо асосан бо пешояндҳои дар ва ба сурат меёбанд: дар навиштан моҳир, дар хондан беҳамто, ба рафтан тайёр ё омода ва монанди инҳо.

ИБОРАҲОИ ШУМОРАГӢ

Дар байни ибораҳои забони тоҷикӣ ибораҳои шуморагӣ мавқеи махсусеро ишғол менамоянд. Аз шумораҳо шумораи тартибӣ, ҳамчун ибораҳои сифатӣ, танҳо дар дохили ибораҳои номӣ хусусияти тобеъкунӣ зоҳир намуда, дар мавридҳои дигар тобеи исм шуда мондан мегирад. Масалан, иморати якум — иморати дар сарҳад якум.

Ибораҳои шуморагии гурӯҳи мазкур муносибатҳои пуркунандагӣ ва холиеро ифода мекунанд, ки дар онҳо тобиши маъноии маҳдуд ва ҷудокунӣ мавҷуд аст. Ҷузъи тобеи ин гуна ибораҳо аз зарф ва исмҳои макон иборат буда, аз воситаҳои грамматикӣ пешоянди аз ва дар барои пайванд кардани онҳо бо ҳиссаи асосӣ — шумораи тартибӣ хизмат мекунанд: дар рӯи хат якум, аз поён панҷум, аз боло даҳум, аз паҳлӯ сеюм ва ғайра.

Шумораҳои миқдорӣ одатан ҳангоми ифодаи муносибати ҷудоӣ ва маҳдудкунӣ исм ва ҷонишинҳоро ба худ тобеъ мекунанд. Дар ин маврид барои пайванд кардани онҳо пешоянди аз ва ё бандаки изофии и ба кор бурда мешавад: яке аз иштироккунандагон, панҷ нафар аз талабагон, яке аз муаллимон, даҳ нафари партизанҳо, панҷуми онҳо.

Иборасозии шумораҳо дар вақти ба вазифаи исм истеъмол ёфтани онҳо махсусан равшан намоён мегардад, ки инро дар ибораҳои ду аламрасида, дуи дигар, дуи ман-и ҷумлаҳои поён мушоҳида кардан мумкин аст. Баъд аз рӯз шудани пирамардон падару писарро ба як ҷаҳон шодӣ танҳо гузошта, худҳошон рафтанд, то ки ин ду аламрасидаи ғами ҳиҷронкашида бо якдигар дарди дилҳои ғамдидаи худро гуфта ва шунида, доди худро аз айёми дурӣ... ситонанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дуи дигар аробакашон буданд, ба аробаҳошон такя карда истода маҳорка мекашиданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонини мо). Сирри махфии дуи мо дар тирамоҳ... пайдо шуд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

пешина
аз 312
навбатӣ