Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

мекунанд. Аммо миқдори зарфҳои замоне, ки ҳамчун калимаи асосин ибора воқеъ мешаванд, зиёд нест. Аз зарфҳои замон калимаҳои барвақт, бевақт бо тобеъ намудани зарфҳои миқдории хеле, ниҳоят ва синонимҳои онҳо ибора месозанд: хеле барвақт, ниҳоят бевақт ва монанди инҳо. Гурӯҳи дигари ибораҳои зарфӣ аз зарфу исм иборат мебошад. Зарфҳои тарзи амал бо ёрии пешояндҳои мисли, чун ва синонимҳои онҳо исмҳоро тобеъ намуда, ибораҳои зарфие месозанд, ки муносибати муайянкунандагии дорои тобиши қиёсӣ, ташбеҳиро ифода менамоянд: мисли шер далерона, чун рубоҳ маккорона, ҳамчун кӯдак шармгинона ва ғайра. Тамоми ин қабил ибораҳо танҳо дар ҷумла ба амал омада, берун аз ҷумла вуҷуд надоранд.

ИБОРАҲОИ ФЕЪЛӢ

Ибораҳои феълӣ, монандӣ ибораҳои исмӣ, аз сермаҳсултарин ибораҳои забони тоҷикӣ ба шумор мераванд. Феъл ба воситаи алоқаи ҳамроҳӣ ва вобастагӣ исм, ҷонишин, зарф, феъли ҳол ва масдарро ба худ тобеъ намуда, ибораҳои феълие месозад, ки дар ифодаи муносибатҳои хеле мухталифи грамматикӣ хизмат мекунанд.

Дар ибораҳои феълӣ, агар баъзе лаҳзаҳои услубӣ ба назар гирифта нашаванд, ҷузъи тобеъ ҳамеша пеш аз калимаи асосӣ воқеъ мегардад. Ҷиҳати дигари ибораҳои феълӣ аз он иборат аст, ки баъзе аз ҷузъҳои тобеи онҳо, хусусан феъли ҳол ва масдар, сарфи назар аз тобеии худ ба феъл, калимаҳои дигарро тобеъ намуда, шакли мураккаби ибораҳои феълиро ташкил медиҳанд. Ин ҳодиса барои такмил ва тараққии қолабҳои ибораҳои феълӣ имконияти муайяне муҳайё кардааст.

Шарҳи бисёр аз муносибатҳои грамматикии байни ҷузъҳои ибораҳои феълӣ дар бобҳои пуркунанда ва ҳоли ин китоб сабт шудааст. Бинобар ин ин ҷо танҳо қолабҳои асосии ибораҳои феълӣ, гоҳо аз рӯи зарурат баъзе аз муносибатҳои семантикӣ-грамматикии онҳо аз назар гузаронида хоҳад шуд.

ИБОРАҲОИ ФЕЪЛИИ БО ИСМ

Исмҳо ба феъл бо ду роҳ пайванд мегарданд: 1) Ба воситаи алоқаи ҳамроҳӣ. 2) Ба воситаи алоқаи вобастагӣ.

Ба воситаи алоқаи ҳамроҳӣ ба феъл тобеъ шудани исмҳо аз ҷиҳати лексикӣ нисбатан маҳдудтар буда, гурӯҳи муайяни калимаҳои исмиро дар бар мегирад. Ҷузъи тобеъкунандаи чунин ибораҳо миқдори кам аст.

а) Феълҳои гузаранда исмҳои конкрети ғайриҷондор, баъзан исмҳои ҷондор ва абстрактро низ тобеъ намуда, муносибати пуркунандагиро ифода менамоянд: исм объекти бевоситаро нишон медиҳад, ки амали бо феъли гузаранда ифодашуда ба он нигаронида шудааст: ош хӯрдан, чой нӯшидан, китоб

пешина
аз 312
навбатӣ