Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ман дигар дар ин ҷо монда наметавонам (Раҳим Ҷалил, Шӯроб). Ту намедонӣ (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Вай на мӯҳтоҷи сабру тоқат аст (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Инкори ҷузъӣ ба яке аз аъзоҳо ва ё ба яке аз аъзоҳои чидаи ҷумла тааллуқ дорад:

Бипазад з-оташи ишқаш на ҳама ошиқи хом, На ҳама марди харидор сазовори зан аст (Лоиқ).

Аҳмад-махдум Зануҷум дар аввали кораш на ба сифати астроном, балки ба сифати астролог машғул шуда будааст (С. Айнӣ, Куллиёт). — Марҳамат, як пиёла не, як коса об нӯшед (Ю. Акобиров, Водии муҳаббат). ...ба нигоҳи баҳаё ва бисёр ғамноки ӯ на ҳар кас метавонад тоб орад (Саттор Турсун, Аз субҳ то шом).

Дар ҷумлаҳое, ки дорои инкори ҷузъӣ мебошанд, мутақобилаи тасдиқу инкор барҷаста зоҳир мешавад. Чунончи, ҷумлаи инкории «Ба пахтачинӣ танҳо Мунаввара наомадааст» моҳиятан ба ҷумлаи тасдиқии «Ба пахтачинӣ ба ғайр аз Мунаввара ҳама омадаанд» баробар аст. Аммо ин ду ҷумлаи содда бо тобишҳои маъно ва ҷои задаи мантиқӣ аз якдигар фарқ мекунанд.

Барои таъкиди маҳдудияти инкор дар забони тоҷикӣ воситаҳои зиёди луғавию грамматикӣ истифода мешаванд, ки ҳиссачаҳои маҳдудии танҳо, фақат аз маъмули машҳуртарини онҳост. Аммо агар пеш аз ҳиссачаи маҳдудӣ ҳиссачаи инкории на ва ё пас аз он не ояд, инкор бо аъзои таъкидшуда маҳдуд намешавад. Чунончи, муқоиса кунед:

Ба он ҷо танҳо наомадаед (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Модарҷон, гап на танҳо дар омадан ё наомадани вай аст (Раҳим Ҷалил, Ҳикояҳо).

Дар забон аксар барои тафсили воқеа пас аз ҳиссачаҳои инкориву маҳдудӣ аъзоҳои чида ва ҷумлаҳои дигар истифода мешаванд, ки аз ҷиҳати маъно ва муносибаташон бо воҳиди маҳдудӣ як хел нестанд. Хабари ин гуна ҷумлаҳо дар ду шакл: тасдиқ ва инкор омада метавонад:

Тарбияи фарзандон қарзи на фақат падару модар, балки тамоми ҷамъият аст (Раҳим Ҷалил, Шӯроб). Ин қадар ангишт на фақат ҷамъ шуда мондааст, балки худ аз худ оташ гирифта сӯхта ҳам истодааст (Раҳим Ҷалил, Шӯроб). Ба висоли маъшуқа на танҳо шумо, балки бисёр ошиқони шайдо ҳам нарасидаанд («Садои Шарқ»). Фақат ҳосилро не, балки худи заминро ҳам рӯфтаву лесида бурд (Раҳим Ҷалил, Шӯроб).

Ҷумлаҳои инкорӣ ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд: 1) ҷумлаҳои инкории хоса; 2) ҷумлаҳои инкории ғайрихоса.

Ба гурӯҳи якум ҷумлаҳое дохил мешаванд, ки табиатан маънои инкор доранд. Миқдори ин гуна ҷумлаҳо зиёд нест. Ба вазифаи хабари ин гуна ҷумлаҳо асосан калимаҳои нест, не, на
меоянд, инчунин чанд калимаи дигар ҳаст, ки маънои луғавиашон

пешина
аз 312
навбатӣ