Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ва баъзан бе нумератив дар ҷумла ба вазифаи мубтадо омада метавонанд.

а) Шумораи миқдорӣ: Ду понздаҳ — як сӣ (Фольклор). Чил — камоли ҷавонӣ (Фольклор). Шаст — камоли мардист (Фольклор).

б) Шумораи миқдорӣ бо ҷонишини таъйинии «ҳар» ба вазифаи мубтадо меояд: Ҳар ду одамдӯст, меҳмоннавоз (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Ҳар ду бо хурсандӣ, беихтиёр ба якдигар нигоҳ карданд (П. Толис, Ҳикояҳо). Ҳар ду хомӯш мерафтанд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Баъзан ба шумораи бандаки соҳибии шахси сеюми ҷамъ васл шуда меояд:

Ҳар сеяшон ба роҳ даромаданд (С. Улуғзода, Навобод). Ҳар дуяшон дар таги бед ба рӯи алаф нишастанд (С. Улуғзода, Навобод).

Гоҳо шумораи як суффикси -е гирифта, мафҳуми предметӣ пайдо мекунад ва ба вазифаи мубтадо меояд:

Яке гапгир, ногапгир — дигар,
Яке пурзӯр, дигар нотавонтар.

(Ф. Мирзо, Маҷмӯаи шеърҳо)

Яке аз Ашад, дигаре аз Машҳад (Фольклор). Яке аз боғ, дигаре аз роғ (Фольклор). Яке курсӣ оварда ба мобайни дӯкон гузошта ва ба нишастан таклиф намуд (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).

Агар шумора тартиби предметро далолат кунад, мубтадо шуда метавонад:

Сеюм Мирзо Иброҳим ном ҷавоне буд, ки падараш мактабдор буда, ҳавлиаш танг, бинобар ин ӯ яке аз ҳуҷраҳоро таъмир карда, дар вай зиндагонӣ менамуд...

Чорум Қорӣ Шариф ном дошт, ки падараш коргарӣ мекард...

Панҷум Ашрафҷон ном сандуқсоз буд, ки ӯро Мирзо Ашраф ҳам мегуфтанд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Шумораи тартибӣ баъзан суффикси исмсози -ӣ қабул карда, ба вазифаи мубтадо меояд:

Дуюмӣ:— Имрӯз фардо ҳам дорад. Агар ягон кор шавад, фардо ба хешу таборҳои Аҳмад чӣ ҷавоб мегӯем, — гуфт (С. Айнӣ, Аҳмади Девбанд).

Сеюмӣ:— Агар пул бошад, халосӣ оппа-осон, ҳама гап ба сари пул, — гуфт.

Чорумӣ: Пас аз қоҳ-қоҳ ханжидан гуфт: — Хуб илоҷи осон ёфтӣ (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Ифодаи мубтадо ба воситаи ҷонишин. Ҷонишинҳое, ки ба ҷои исмҳо кор фармуда мешаванд, дар ҷумла мубтадо шуда меоянд:

а) Ҷонишинҳои шахсӣ: Вай ба Нуралӣ салом дода, нишаст

пешина
аз 312
навбатӣ