Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Хабар шуда омадани сифати феълии замони ҳозира:
То даме ки башар бувад зинда,
Ту намирандай, намиранда.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)
Хабар шуда омадани сифатҳои феълии замони оянда. Хабар бо ин шакл хоҳиш ва азму иродаро ифода менамояд: Посбонҳо пеши роҳи «ҳезумкаши саҳархез»-ро доштанӣ мешаванд, вай аз болои ҳезум як халтачаро гирифта гуреҳтанӣ мешавад (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Духтари шумо хаппак гаштанӣ (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Вақте ки Норбой Каркӣ рафтанӣ шуд, инро таъин кард (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Амир бо муллоҳои калон маслиҳат карда, мардумро шӯронданӣ шуд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Хабар шуда омадани масдар. Масдар бо гирифтани пешоянди дар ба вазифаи хабар омада, нишон медиҳад, ки амали субъект дар ҷараён аст: Борон дар боридан буд, аммо колхозчиён аз пахтачинӣ сар намебардоштанд (С. Айнӣ, Ҷашни таърихӣ). Чӯпонбачагон дар давидан, оҳубаррагон дар рамидан (С. Айнӣ, Ғуломон).
ХАБАРҲОИ НОМӢ
Хабарҳои номӣ ба воситаи ҳиссаҳои номии нутқ ва ёридиҳандаҳои феълӣ ифода меёбанд. Онҳо ба ин вазифа ба ёрии бандакҳои хабарӣ ё ёридиҳандаҳои феълӣ (аксаран) ва ё бо ин воситаҳои ёридиҳанда истифода мешаванд.
I. Бо бандакҳо хабар шуда омадани исмҳо дар забони адабии ҳозира хеле бисьёр дучор мешавад: Онҳо студентонеанд, ки ҳар сол ба ғунучини пахта ёрӣ медиҳанд («Тоҷикистони советӣ»).
Исмҳои хос ва ҷинс дар якҷоягӣ бо ёридиҳандаҳои феълӣ гурӯҳи калони хабарҳои номиро ташкил медиҳанд.
а) Ба воситаи феъли ёридиҳандаи «будан» ва исм хабари номӣ ташкил меёбад: Дасташ даст набуд, оҳан буд (С. Улуғзода, Навобод). Оянда Қорӣ-ишкамба буд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ин саройбони сарои «Кавказ» буд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Салим аъзои комсомол мебошад. Ин мард Амонов буд (С. Улуғзода, Навобод).
б) Бо феъли ёридиҳандаи «шудан» хабар шуда омадани исмҳо:
Ду-се рӯзе шудам меҳмони Дарвоз,
Намудам сайри ҳар бӯстони Дарвоз.
(А. Деҳотӣ, Шеър ва ҳикояҳо).
Бисёр колхозҳо миллионер шуданд.
в) Бо феъли «ҳаст» хабар шуда омадани исмҳо ва дигар ҳиссаҳои нутқ:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё