Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
г) Аз асоси муқобилмаънои замони гузаштаи феъл:
Даромад-баромад аз майдони хонаи калон, ки дар байни ду хона муштарак буд... (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Ин да-ромад-баромади ҳамсоягонро мушкил кард (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон).
д) Такрор шуда омадани як исм:
Сонитар гап-гап баромад, ки Ҳошим Қорвон... қасам хӯрда будааст (С. Улуғзода, Навобод).
ж) Бевосита такрор шудани калимаҳои тақлидӣ. Калимаи тақлидӣ дар ду шакл такрор шуда меояд:
- бевосита такрор шудани худи ҳамон як калима, ки бо ин роҳ тарзи воқеъшавӣ ва давомнокии амалу ҳолат ифода меёбад:
Дукур-дукури аспҳо торафт наздик мешуд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Шабҳо дар хобаш медид, ки чӣ тавр вай ресмони бодбараки пурзӯр ва саркашро дар даст дошта ва аз дар-дару ғаж-ғажи вай лаззат мебарад (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Дар ин ҷо ғайр аз шитир-шитири дар ҷӯйбуда садои дигаре шунида намешуд (С. Айнӣ, Ғуломон). ...миш-миш шуду миси кор баромад (газ. «Маориф ва маданият»). Ӯ бо даромада салом додани ман пичир-пичирашро монда, дастҳояшро бар рӯ кашида ба саломи ман ҷавоб гардонд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Кард падрудам садои обшор
Қаҳ-қаҳи мастонаи кабки дарӣ.
Шир-шири оби равони ҷӯйбор.
(«Садои Шарқ»)
Саргарми чак-чақ чойро ҳам фаромӯш кардаам (С. Айнӣ, Ғуломон). Аз гӯшаки телефон ғинг-ғинги фосиладори маҳзунонае ба гӯш мерасид («Садои Шарқ»). Хомӯшии ин саҳрои мурдаи пурбарфро ҳам танҳо қар-қари зоғҳо халалдор мекард (С. Айнӣ, Куллиёт).
- бевосита такрор шудани калимаи асосии тақлидӣ ва дар шакли тағйирёфта омадани ҷузъи дуюм. Дар ин гуна мавридҳо ба ҷои садоноки а-и калимаи асосӣ дар ҷузъи дуюм садоноки у меояд, ки бо ин роҳ на танҳо фосиладории амалу ҳолат, балки дар ин калимаҳо дуруст ва айнан акс наёфтани он садоҳо, ҳодисаҳои табиӣ низ ифода меёбад:
Вақар-вукур накунед, тезтар номаша гӯй (С. Улуғзода, Калтакдорони сурх). Тапар-тупури бисёре карда гаштаанд, — гуфт Ҳайдарқул, — локин аз куҷо медонанд, ки ин кор кори зани кист (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Шалап-шулупи сина-занӣ фазои майдонро фаро гирифта, то хеле роҳ шунида мешуд (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё