Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

МУҚАДДИМА

Забон муҳимтарин воситаи алоқаи инсон аст. Одамон ба воситаи за-бон ба якдигар фикр баён мекунанд ва фикри якдигарро мефаҳманд. Ҳамаи калимаҳои забон якҷоя таркиби луғавиро ташкил медиҳанд.

Дар таркиби луғавии забон чизи аз ҳама асосӣ фонди асосии луға-вӣ мебошад. Фонди асосии луғавӣ ба забон барои сохтани калимаҳои нав замина медиҳад.

Омӯхтани фонди асосии луғавӣ ва таърихи тараққиёти захираҳои луғавии забон, инчунин омӯхтани ҳолати имрӯзаи таркиби луғавии он вазифаи лексикология мебошад.

Таркиби луғавӣ забонро ташкил намедиҳад, вай барои сохти забон ҳамчун материали бинокорӣ мебошад.

Грамматика сохти калима, ибора ва ҷумларо меомӯзад.

Мафҳумҳои умумии грамматикӣ, ки характер ва типи сохти забонро муайян менамоянд, категорияҳои грамматикӣ номида мешаванд.

Категорияҳои грамматикии забони адабии ҳозираи тоҷик натиҷаи тараққиёти дуру дарози таърихии забон, беҳтар шудан ва такмил ёфта-ни сохти грамматикии он мебошанд.

Воҳидҳои асосии забон. Нутқи мо аз воҳидҳои алоҳидаи забон ибо-рат буда, пеш аз ҳама ба ҷумлаҳо ҷудо мешавад, ки ҳар кадоми онҳо фикрҳои алоҳидаи томро ифода мекунанд. Ҷумлаҳо аз ҳамдигар ба во-ситаи пауза (ист) ҷудо мешаванд. Масалан: Баҳор омад. Ҳангоми киш-тукор расид. Дар саҳроҳои колхозӣ кор дар ҷӯш аст.

Ҷумла ба ибора ва ё ба калимаҳои алоҳида ҷудо мешавад.

Воҳиди грамматикие, ки аз ду ва ё зиёда калимаҳои мустақил ба воситаи алоқаи тобеъ ташкил ёфтааст, ибора ном дорад. Масалан: Бо-риши барфу борон, тобиши офтоби тобон дар теппаҳои кӯҳ аз санг шакл-ҳои гуногуни аҷоиб офаридаанд (Р. Ҷ.). Ин ҷумла ба чунин ибораҳо чу-до мешавад: бориши барфу борон, тобиши офтоби тобон, теппаҳои кӯҳ, шаклҳои гуногуни аҷоиб...

Баъзе типи ибораҳо аз ҷиҳати маъно ҷудонашаванда — устувор ме-бошанд, дандон ба дандон мондан ва м. ин.

Ибораҳо дар навбати худ ба калимаҳо ҷудо мешаванд. Ҳар калима мафҳуми алоҳидаро мефаҳмонад. Чунончи, ибораи кӯчаи шаҳр аз ду калима — аз кӯча ва шаҳр, ибораи замини колхози мо аз се калима — замин, колхоз ва мо иборат мебошад.

Калимаҳо пеш аз ҳама бо маънои луғвӣ, сохти морфологияшон муайян карда мешаванд. Ҷумлаи «Боди форами баҳории сабук мевазид» аз панҷ калима таркиб ёфтааст. Ҳар яке аз ин калимаҳо ба худ задаи маъноии мустақил низ дорад. Дар забони тоҷикӣ калимаҳое ҳам ҳастанд, ки задаи маъноӣ надоранд. Ба ин гурӯҳ, пеш аз ҳама, калимаҳои ёридиҳанда дохил мешаванд.

Дар омӯхтани забон алоқаи байниякдигарии маънои грамматикӣ ва лексикиро ба назар гирифтан зарур аст.

Калимаҳо низ ба морфемаҳо (морфема аз калимаи юнонӣ — морфе «шакл» гирифта шудааст), ба ҳиссаҳое ҷудо мешаванд, ки ҳар кадоми ин ҳиссаҳо дар забон дорои маъно ва вазифае мебошанд. Чунончи, калимаҳои мисгар, оҳангар мувофиқи маъно ва вазифаашон ба морфемаҳои мис, оҳан ва гар ҷудо мешаванд, ки морфемаҳои мис ва оҳан ҳиссаҳои

пешина
аз 457
навбатӣ