Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
асосии маънодор буда, предметҳои маълумеро мефаҳмонанд, морфемаи гар бо калима омада, аз рӯи касбу кор номи шахс месозад. Морфемаҳо ба ду гурӯҳ: морфемаҳои калимасоз ва морфемаҳои калимабанд ҷудо мешаванд.
Морфемаҳои калимасоз ба калимаҳо маънои нав медиҳанд. Масалан: оҳангар, гулзор, саройбон, колхозчӣ, ки дар ин калимаҳо суффиксҳои -гар, -зор, -бон ва -чӣ морфемаҳои калимасоз мебошанд. Морфемаҳои калимабанд барои нишон додани муносибат ва алоқаи калимаҳо хизмат мекунанд. Чунончи, дар ҷумлаи ӯ хонад, морфемаи -ад хабарро бо мубтадо мебандад.
Калимаҳо ҳамчунин бо воҳидҳои хурди овозӣ — ҳиҷоҳо низ ҷудо мешаванд. Калимаҳои нон, об, чой ва кӯҳ калимаҳои якҳиҷоӣ мебошанд.
Калимаҳои нондон (нон-дон), ошбур (ош-бур) — дуҳиҷой; калимаҳои ошхона (ош-хо-на), офтоба (оф-то-ба) — сеҳиҷой; калимаи китобхона (китоб-хо-на) — чорҳиҷой ва калимаҳои худтанқидкунӣ (худ-тан-ҳид-ку-нӣ) панҷҳиҷой мебошанд ва ғайра.
Ҳиҷоҳо, дар навбати худ, ба овозҳои алоҳидаи нутқ — ба фонемаҳо ҷудо мешаванд. Калимаи фонема аз калимаи юнонии фоне гирифта шудааст, ки маънояш «овоз» мебошад.
Хурдтарин воҳиди овозии забон, ки барои фарқ кардани маъно хизмат мекунад, фонема ном дорад.
Ҳангоми гуфтугӯ овезеро аз овози дигари ҳамсоя чизе ҷудо намекунад, ҳар як овоз ба ҳеҷ гуна монеае дучор нашуда бо овози дигар ҳамроҳ мешавад. Аз ин рӯ, матни чопӣ, ки аз овозҳои ҷудогона иборат аст, моҳияти ҳақиқии процесси нутқро инъикос карда наметавонад. Азбаски овозҳои алоҳидаи нутқ барои фарқи маъноии калимаҳо хизмат мекунанд (чунончи, сар, пар, бар) ва баъзе овозҳои алоҳида маънои мустақил доранд (чунончи, ӯ — ҷонишини шахси сеюм, да дар охири асоси замони гузаштаи феъл: хон-хонд), нутқи мо ба овозҳои алоҳида ҷудо мешавад гуфтан мумкин аст. Фонема воҳиди соддатарини забон буда, ба ҳиссаи алоҳида ҷудо намешавад.
Барои забон ҳамчун воситаи мубодилаи афкори аъзоёни ҷамъият ҷумла ва калима аҳамияти махсус доранд. Забон, ки бевосита бо тафаккур алоқаманд аст, натиҷаҳои кори тафаккур, муваффақияти кори донишҳосилкунии инсонро дар калимаҳо ва боҳампайвандии калимаҳо дар ҷумла қайд ва мустаҳкам мекунад ва ба ҳамин тариқ дар ҷамъияти инсонӣ мубодилаи афкорро мумкин мегардонад.
Мавзӯи асосии грамматика омӯхтани сохти калима, ибора ва ҷумлаҳо мебошад.
Бобҳои алоҳидаи грамматика. Грамматика (морфология, синтаксис) маҷмӯи қоидаҳост. Морфология як боби грамматика буда, қоидаҳои тағйир ёфтани калимаҳоро меомӯзад. Ба ин соҳа, пеш аз ҳама, тарзҳои ифодаи категорияҳои грамматикии ҳиссаҳои нутқ, категорияҳои муайянӣ ва номуайянӣ, шумора дар исмҳо, категорияи дараҷа дар сифатҳо, категорияҳои замон, сиға, шахс ва шумора дар феъл дохил мешаванд.
Калимасозӣ боби алоҳидаи морфологияро ташкил медиҳад. Дар калимасозии забони тоҷикӣ бештар типи мураккаб, таркибӣ ва аффиксатсия (бо суффиксу префиксоти сохтани калимаҳо) сермаҳсул аст.
Мо бо мақсади ба каси дигар фаҳмондани фикри худ гап мезанем.
Фикр дар нутқ дар шакли ҷумлаҳо зоҳир мегардад, яъне ба воситаи ҷумлаҳо ифода меёбад. Якчанд калимаи паси ҳам омада бо якдигар алоқаманд нестанд, ҷумларо ташкил карда наметавонанд, вале агар ин калимаҳо мувофиқи қонуни грамматика таркиб ёфта, фикреро ифода кунанд, ҷумларо ташкил дода метавонанд. Тарзҳои аз калимаҳо ташкил ёфтани ибораҳо ва ҷумлаҳо, тартиби калимаҳо, интонатсия, калимаҳои махсуси ёридиҳанда, типи ҷумлаҳо ва инчунин шароитҳои ба кор бурда шудани онҳоро боби дигари грамматика — синтаксис (аз калимаи юнонии гирифта шуда, маънояш «сохт» аст) меомӯзад.
Ҳамаи ҷиҳатҳои овозии воҳиди забон, ки дар лексика ва грамматика омӯхта мешаванд, боби махсуси фанни забон — фонетикаро ташкил медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё