Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
маймана, майсара (термини ҳарбӣ), муаддилуннаҳор (термини ситорашиносӣ), қиёси маалфорик, қиёси нафс, қиёси иқтиронӣ, қиёси фосид, машшой, салб (терминҳои фалсафа), завияи қоима, кутр (терминҳои геометрия ва математика) ва ғайра.
Як қатор калимаҳои сермаънои арабӣ ба забони тоҷикӣ танҳо дар маънои ҷудогонаи худ гузаштаанд. Дар байни калимаҳои сермаънои арабии ба забони тоҷикӣ гузашта калимаҳои дар ҳамаи маъноҳояшон истеъмолшаванда низ бисёранд. Ба ҳамаи маъноҳояшон истеъмол ёфтани калимаҳои сермаънои арабӣ хусусан дар адабиёти классикӣ бештар дида мешавад. Барои мисол якчанд калимаи сермаъноси арабиро аз назар мегузаронем, ки дар адабиёти классикӣ ба ҳамаи маъноҳояшон истеъмол шудаанд: Савлат — 1. тезӣ, тундӣ, ҳамла бо хашм, хашмгинӣ; 2. ҳайбату салобат; 3. зӯру қувват; 4. қудрат. Сарфа — 1. фоида, манфиат; 2. тангӣ дар харҷ кардан, иқтисод. Шамоил — 1. хислатҳои нек; 2. афту башара. Маош — 1. зиндагонӣ; 2. воситаҳои зиндагӣ (хӯрок, пӯшиданӣ, ҳаққи кор). Маҷол — 1. ҷавлонгоҳ; 2. қудрат, қувват, тоқат. Мисраъ — 1. табақи дар; 2. нисфи байт (термини адабӣ). Моҷаро — 1. саргузашт, воқеа; 2. ҷанҷол, кашмакаш. Қоида — 1. асос, поя, бунёд; 2. расму одат, дастур, оин, қонун. Қосид — 1. қасдкунанда; 2. номабар, пайк. Маҷоз — 1. гузаргоҳ; 2. ғайри ҳақиқат, зидди ҳақиқат; 3. кор фармудани калима ба маънои ғайриҳақиқӣ. Меъёр — 1. тарозуи зарсанҷ; 2. санги маҳак, ки сара ё носара будани зарро мефаҳмонад; 3. андоза. Маърифат — 1. илм, дониш; 2. биниш, фаҳм; 3. шинохтан; 4. шиносоӣ, ошноӣ; 5. яке аз чор дараҷаи ирфони сӯфия.
Дар процессе истеъмол дар ҳаҷми маъноии ин калимаҳо тағйироти маъной ба амал омадааст. Ин калимаҳо дастав-вал маънои васеъ пайдо намуда ба ҳамаи маъноҳои худ ис-теъмол шуда бошанд, баъдтар доираи маъноии онҳо танг шудааст. Дар забони ҳозираи тоҷик аз ҷумлаи ин мисолҳо нӯҳ калимаи аввал асосан ба маънои дуюм, калимаҳои аз охир дуюм ва сеюм ба маънои сеюм ва калимаи охирин ба маънои якум ва дуюми худ кор фармуда мешаванд.
Баъзе калимаҳои арабии иқтибошуда бо мурури замон маъноҳои худро тағйир додаанд, ё маъноҳои иловагии дигар пайдо кардаанд. Масалан, калимаи алвон, ки ҷамъи лавн бу-да, маънои рангҳо ва рангорангро ифода менамояд, дар за-бони тоҷикӣ маънои сурх — аз хуни шумоён, саҳро шуда ал-вон (П. Сулаймонӣ, Маҷмӯаи осор) ва матои сурхро — алвон барин сурх шуданд (Раҳим Ҷалил, Ҳикояҳо), ба тан он кур-таи зебои алвон (Ғаффор Мирзо, Асрор), миёнбанди алвон баста буд (Тоҷӣ Усмон, Кашфи асрор) низ пайдо кардааст.
Калимаи иснод дар асл маънои такя додани чизе ба чи-зе, нисбат кардани чизи ба чизе, далел, ҳуҷҷат ва ғайраро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё