Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Олимҷон дар аввал барои мадраса бино карда нашуда будааст (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. 1). Ҳамон шаб бо мақсади гарнизонро пахш кардан чандсадто босмачиён омада будаанд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Хайрият, ки дадем хобида будаанд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Раиси физкултурачиро марди деҳқонро аз калонҳои колхозаш махсусан талабида оварда будааст, ки қори Аҳмадбекро имрӯз то бегоҳ давом диҳад (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
Замони гузаштаи дури давомдор (муайян)
Замони гузаштаи дури давомдор (муайян) аз шакли феъли ҳоли (сифати феълии) феъли асосӣ ва шакли гузаштаи дури феъли ёридиҳандаи истодан таркиб меёбад. Дар ин гуна таркиб феъли ёридиҳандаи истодан маънии давомнокии амал, ёридиҳандаи будан гузаштаи дурро мефаҳмонад. Тасрифаш чунин аст:
Танҳо
- ман дида истода будам
- ту дида истода будӣ
- ӯ дида истода буд
Ҷамъ
- мо дида истода будем
- шумо дида истода бубед
- онҳо дида истода буданд
Шакли гузаштаи дури давомдор (муайян) одатан амали гузаштаеро мефаҳмонад, ки то вуқӯи амали дигари замони гузашта ҷараён дошта, дар айни давоми он амали дигар содир мешавад. Ба ин маънӣ ду амали замони гузашта дар як вақт воқеъ мегардад. Баъзан ҷараёни амали давомдор бо содир шудани амали дигар қатъ мешавад. Ин маъниҳо вобаста ба сохту мазмуни сухан бо тобишҳои ҷудогонаи зерин ифода меёбанд:
- Дар ҷумлаҳои мураккаб, махсусан мураккаби тобеъ, ду амали дар як вақт воқеъшудае мушоҳида мешавад, ки гоҳо вуқӯи яке боиси қатъи дигаре шудааст. Дар ин мавриди якбора бурида шудани ҷараёни амали аввала бевосита маълум аст:
Бесабрӣ карда аз хонаи мо рафтӣ, ман барои ту либос тайёр кунонда истода будам (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. 1). Командир ҳайрон шуда истода буд, ки аз паси одамон Заҳро баромад (Ҳ. Карим, Оқшуда). Хола Анбар худ ба худ хандида истода буд, ки аз берун Ойими Шоҳ омада даромад (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). - Барои ифодаи қатъи амали дури давомнок амали дигари замони гузашта зикр наёфта бошад ҳам, ин маънӣ умуман тасаввур карда мешавад:
Дуруст аст, ки ман ин ҷо бисёр чиз ёд гирифта истода будам

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо