Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Замони гузаштаи эҳтимолӣ
Феъли гузаштаи эҳтимолӣ амали воқеъшудаеро мефаҳмонад, ки гӯянда дар бораи он бо шубҳаю тахмин, гумону эҳтимол сухан меронад (ниг. сиғаи эҳтимолӣ).
Гузаштаи эҳтимолӣ аз сифати феълии замони гузашта бо суффикси -гӣ ва иловаи бандакҳо сохта мешавад. Вай ду тарзи ифода дорад: тарзи якум: ман хондагиям, ту хондагӣ, вай хондагист; мо хондагием, шумо хондагиед, онҳо хондагиянд; тарзи дуюм (аз шахси сеюми танҳо бо иловаи бандакҳо): ман хондагистам, ту хондагистӣ, вай хондагист (ем, ед, анд).
II. Замони ҳозираи феъл
Феъли замони ҳозира амалеро мефаҳмонад, ки ҳангоми сухан кардан дар бораи он давом дорад. Масалан: Ман баъдтар шарҳ хоҳам дод, ки чаро маҳз 18 сентябр гуфта истодаам, чаро таърихи воқеаҳои ҳаёти шуморо ин қадар боэътимод таъкид мекунам (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
Дар ин ҷумла феъли шарҳ хоҳам дод замони ояндаро мефаҳмонад. Аммо феълҳои гуфта истодаам ва таъкид мекунам замони ҳозира буда, амали дар вақти сухани фоил (субъект) содиршуда ва давомдоштаро ифода мекунанд. Дар забони ҳозираи тоҷикӣ маънии грамматикии замони ҳозира асосан бо ду шакли маъмули серистеъмоли феъл ифода меёбад, ки яке ҳозираи давомдор (ҳозираи муайян), дигаре ҳозираю оянда мебошад. Маънии замонӣ дар шакли ҳозираи давомдор муайяну возеҳ, аммо дар шакли ҳозираю оянда сертобиш аст ва тобишҳои маъноии он танҳо вобаста ба мазмуни матн муайян мегардад.
Баъзан ба кадом маънии замонӣ омадани феъли ҳозираю оянда аз худи ҷумла не, балки алоқамандона бо ҷумлаҳои дигар равшан мешавад. Чунончи:
Онҳо ба давлати нав, ба Ҳукумати инқилобии нави худ хизмат мекунанд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Гапро дигар мекунанд, аз пичир-пичир ба пиқир-пиқир мегузаранд (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Замони ҳозираи давомдор (муайян)
Феъли ҳозираи давомдор (муайян) аз шакли феъли ҳоли (сифати феълии) феъли асосӣ ва шакли гузаштаи нақлии феъли ёридиҳандаи истодан таркиб меёбад. Тасрифаш чунин аст:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо