Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ҳамчунон забон ва адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст (С. Айнӣ, Намунаи адабиёти тоҷик). Мирак ҳам ба майдони назди Сарои Чой расида омад (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Онҳо супоришҳои худро 130—140 ва 160-фоизӣ иҷро карда меоянд (Тоҷикистони Советӣ, 17.XII-71).
-
партофтан: хонда партофтан, бурида партофтан, рӯфта партофтан ва ғайра.
-
рафтан: Осуда бошед, баъд аз ду ҳафта тамоман саҳат шуда меравад (Ҳ. Карим, Оқшуда). Давлат кам-кам сергап шуда мерафт, ки ин ба худаш маълум набуд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Аҳмадбек то буни гӯшҳояш сурх шуда рафт (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
-
сар додан: Ойиша тоқат карда натавониста, якбора гирья карда сар дод (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
-
тамом кардан: хонда тамом кардан, навишта тамом кардан, рӯфта тамом кардан.
-
фиристодан: Зебинисо қоҳ-қоҳ зада хандида фиристод (Ҳ. Карим, Оқшуда). Ҷаҳлаш ганда, қаҳраш ки омад, шарти карда парронда мефиристанад (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
-
шудан: Чор километр ҷоро дар бадали ҳашт рӯз колхозчиёни мо канда шуданд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Мо то он вақт хӯрокамонро хӯрда шуда будем.
-
Феълҳое, ки дар боло оварда шуданд, бо ҳамаи аломатҳои грамматикӣ тасриф меёбанд ва ҷузъи якум (асосӣ) одатан ба шакли феъли ҳол (сифати феълӣ) омада, бо феъли ёридиҳанда сурат меёбад. Илова ба ин, қайд кардан лозим аст, ки дар мавриди худ ҳар ду ҷузъи чунин феълҳо ба шакли тасрифӣ меояд, вале ба муносибати ҷузъҳои таркибӣ ин гуна феълҳо халал намерасад. Ба ин маъни шаклҳои хандида монд ва об шуда рафт аз шаклҳои хандиду ва об шуду рафт аз ҷиҳати сохти морфологӣ фарқ дошта бошанд ҳам, аз ҷиҳати маъни фарқ надоранд. Фарқи грамматикӣ аз воситаи алоқаи байни ин ду ҷузъ иборат мебошад. Масалан:
Писар дар ҷавоби ин суханҳои модараш фақат хандиду монд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Нисбат ба ман шакку шубҳаи ӯ барфи мавсими баҳор барин об шуда рафт (Ҳ. Карим, Оқшуда). Ҳамаи ин гузашту фаромӯш шуду рафт (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
МАСДАР
Масдар шакли ибтидоии феъл буда, номи амал (давидан, гуфтан, дидан, навиштан, шунидан, кор кардан, пешвоз гирифтан) ва ҳолатро ҳамчун процесс (гаштан, хобидан, сабзидан,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор