Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ба аввали феълҳои содда мечаспад: нарафтан, нарасидан, натавонистан; 2) ба аввал ё пас аз префикси феъли сохта меояд: набаромадан, надаромадан, нахушкидан, вонахӯрдан, барнахӯрдан; 3) ба аввали феълҳои ёридиҳандаи феълҳои таркибӣ ҳамроҳ мешавад: тамом нашудан, хонда набаромадан, ёд нагирифтан, ёд надодан.
Масдар дорои хусусиятҳои феъл аст. Вай гузаранда (навиштан, гирифтан, шунидан, донистан, овардан, омӯхтан, дидан, пешвоз гирифтан, такрор кардан, муайян намудан) ва ногузар (нишастан, давидан, хоб кардан, хомӯш шудан, хиҷолат кашидан, омадан, раҳсипор гардидан) мешавад. Масдари гузаранда амалеро мефаҳмонад, ки ба предмет бевосита равона шудааст: китобро хондан, ниҳол овардан. Чун ин амалҳо бе объект воқеъ намешаванд, зеро объект вазифаи феълро конкрет мегардонад. Масдарҳои ногузар амали субъектро ифода мекунанд: хобидани модар, шукуфтани гулҳо, омадани бародар, паридани кабӯтарон.
Вобаста ба маъно як масдар ҳам гузаранда ва ҳам ногузар шуда метавонад: дар мактаб хондан (ногузар), китобро хондан (гузаранда).
Дар натиҷаи қувват гирифтан ё суст шудани алоқаи худ бо объект масдарҳо ё аз ногузар ба гузаранда мубаддал мешаванд, ё ин ки аз гузаранда ба ногузар мегузаранд. Феъли «кардан» дар алоҳидагӣ ва дар ҳайати феълҳои таркибии номӣ ва феълӣ асосан гузаранда аст: Барои ин корро кардан ба мо маблағ лозим аст (Икромӣ). Ман ин корро ҳар шаб кардан гирифтам (Айнӣ). Вале масдарҳои «хоб кардан» ва «ханда кардан» ногузаранд. Аз феълҳои гузарандаи «гирифтан» ва «хӯрдан» бо ёрии префикси дар- ва во- феълҳои ногузар низ сохта шудаанд: даргирифтан, вохӯрдан.
Баъзан феълҳои гузаранда ва монда ба калимасозӣ алоқаманд мешаванд. Суффикси -он фақат бо сохти масдарҳои гузаранда вобаста аст. Ба воситаи ин суффикс аз асосҳои замони ҳозираи масдарҳои монда масдарҳои гузаранда месозанд: нишастан — шинондан, ғалтидан — ғалтондан, ҳандидан — хандондан, чаридан — чарондан: Ман Мирзодиккакҷро оҳиста ба зонуяш шинонда мондам (Улуғзода). Ҳоло ту танҳо дар майдони гӯштингирӣ баромада, чӣ гуна ғалтондани як ҷавони монанди худатро медонӣ (Айнӣ). Бо шӯхиҳо ҳамаро механдонд (Толис).
Агар суффикси -он ба асоси замони ҳозираи масдарҳои гузаранда ҳамроҳ шавад, шакли масдарҳои гузарандаи бевосита ба амал меояд: навиштан — нависондан, доштан — дорондан, дӯхтан — дӯзондан, хондан — хонондан: Аз ин ҷумла чанд шеъри Ҷомиро ба Мирсолеҳ, ки шарикдарси бародарам ва ҳомии ман дар мадрасаи Олимҷон буд, нависонда гирифтам (Айнӣ). Вай чаққон буд, худашро ба онҳо намедоронд (Улуғзода). Ман чармҳои бачагонабобро ба шогирдон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор