Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Муллофозил афтид (Р. Ҷалил). Баробари ба охир расидани сухани Юнусбобо аз мобайни мардум якчанд кас пасу пеш «офарин»-гӯён овоз бароварданд (Улуғзода). Пагоҳӣ, вақти ба кор рафта истоданам, пеши роҳамро гирифт (Р. Ҷалил).
Ба ҳамин тариқ, бояд қайд кард, ки баъзе феълҳо ду тарз доштаанд: хондан (китоб хондан, дар мактаб хондан), рехтан (чой рехт, чойро рехтан), шикастан (шоҳ шикаст, шоҳро шикастан). Чунин феълҳо ҳам тарзи фоил ва ҳам тарзи миёна доранд.
Масдар ба хусусияти феълии вобастакунии калимаҳо молик аст. Масдар монанди феълҳо калимаҳоро одатан бо пешоянду пасояндҳо ба худ вобаста мекунад ва ибораҳои масдарӣ месозад. Онҳо ба шароити дар Москва хондан мароқ доштанд (Р. Ҷалил). Барои ба разведка рафтан бояд ҳозир бошанд (Ф. Ниёзӣ). Барои бо деҳқонон алоқа бастан ба Қорӣ Ишкамба роҳи қишлоқ кушода шуд (Айнӣ). Бе ишқу муҳаббат зиндагӣ кардан мисли ҳайвон зистан аст (Икромӣ). Пас аз ба роҳи пурмашаққати зиндагии мустақилона қадам гузоштан Ҳайдарқул фаҳмида буд (Икромӣ).
Масдари гузаранда объекти бевоситаро ба худ вобаста карда, яке аз ҷиҳатҳои барҷастаи феълро зоҳир менамояд: Аломати охири рӯзҳои зиндагиро гузаронда истодани ӯ ба ҳар кадомамон маълум буд (Айнӣ). Саргузашти Зебиро нақл кардани аммам маро ғарқи фикру хаёлот кард (Улуғзода). Дараки писарашро наёфтани Саидпаҳлавон ӯро хавотир карда буд (Икромӣ). Рӯзимуродро ҳам таъна кардан дуруст нест (Айнӣ).
Ибораҳои масдарии дигар бо ҳамроҳ шудани ҳолҳои гуногун ба амал меоянд: Пас аз қадре хомӯш шудан ба тарафи Чаманбоғ нигоҳ карда илова намуд (Айнӣ). Пас аз се рӯз давидан хати кафолат дода бандиёнро аз банд ва қин халос карданд (Айнӣ). Ниҳоят, садои гурсӣ карда ба замин афтидани як чизи вазнин шунида шуд (Айнӣ). Барои озодона чариданашон соҳибонашон сар додаанд (Айнӣ). Сабаби қаҳқоҳсонон хандидани онон мегардид (Айнӣ). Босмачиён жолавор боридани тирҳои пулемӯтро дида роҳи гурезро пеш гирифтанд (Шарқи сурх). Ҳозир ба роҳ баромадан барои ту хатарнок аст (Айнӣ).
Масдар дорои ду намуди феъл аст: намуди мутлақ ва давомнок.
Масдарҳои намуди мутлақ одатан ифодаи ҳудуди амал, ба анҷом расидан ва натиҷанокии онро нишон медиҳад. Амали масдарҳои намуди мутлақ ба охир расидааст ё дар лаҳзаи муайян ба анҷом мерасад: Аммо пас аз гурехтани ҷадидон ба Когон кор ранги дигар гирифт (Айнӣ). Аз шунидани ин аҳвол шубҳаи сардор зиёд шуд (Айнӣ). Ӯро дидан ҳамоно як қадам қафо гашт (Ниёзӣ). Ҷавоб додан замоно ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор