Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

наззоракунон суруди ғарибиро зери лаб тараннум менамуд (Р. Ҷалил). Духтар аз шиддати дард нолишкунон фарёд мекашид (Муҳаммадиев). Ҳеҷ кадоми онҳо ба тарафи аробакаш санг ҳаво надоданд ва афсӯсхӯрон нигоҳ карда меистоданд (Айни).

Ибораҳои феълиҳолӣ, махсусан феъли ҳоли таркибӣ феъли ҳоли замонро ҳам ифода карда метавонанд: Аз пеши боғи шаҳри Шӯроб гузаштаравон ба Шодмонов дучор омаданд (Р. Ҷалил). Аз назди онҳо гузаштаравон дар хусуси гӯли хонагие гап мезад (Муҳаммадиев). Пагоҳирӯзӣ буд, ӯ аз пеши дари Наимшоҳ гузаштаравон як байти таронаеро тараннум кард (Улуғзода).

Феъли ҳоли замони ҳозира ҷиҳатҳои феълии худро хуб нигоҳ медорад. Бо вуҷуди он, вай дар ҷумла аломатҳои тарз, намуд, замон, инчунин вобастакунии феълии худро суст намояд, ба зарф наздик мешавад ва дар як гурӯҳ бо зарфҳо ё сифатҳо ҳамчун ҳол якҷоя воқеъ гашта, аъзоҳои чидаро ифода мекунанд: Дӯкондорон ба ин хандаи бемаҳалли мо ҳайрон-ҳайрон ва тааҷҷубкунон нигоҳ мекарданд (Айни). Сафар тозон ва хандакунон ба назди модараш давида омад (Ниёзӣ).

Дар забони тоҷикӣ як гурӯҳ исмҳои маросимии зоҳиран ба ҳамин шакл монанди вомеҳӯранд, ки ҷузъи номии онҳо объекти бевоситаро ифода кардаанд: бӯрёкӯпон, домодталабон, домодбаророн, сафедпӯшон, ноншиканон. Баъзе аз ин калимаҳо номҳои предметҳоро низ мефаҳмонанд: гаҳворачунбон, қаҳқашон. Вале дар забони тоҷикӣ калимаҳои амсоли рӯйкаону мӯйканон низ ифода мешавад, ки онҳо гурӯҳи махсуси феъли ҳолро ташкил медиҳанд: Нюра ҳам рӯйка- нону мӯйканон меомад (Р, Ҷалил). Ота-а-а! — рӯйканону мӯйканон дод мезад Гулъизор (Улуғзода).

ЗАРФ

Зарф ҳиссаи мустақили нутқест, ки аломати амал ва аломати аломатро мефаҳмонад ва шароити воқеъ гардидани амалу аломатро нишон медиҳад.

Зарф ба феъл, сифат ва зарф тобеъ мешавад, зарф ба ин ҳиссаҳои нутқ ба тарзи ҳамроҳӣ алоқаманд мешавад. Вази- фаи синтаксисии зарф дар ҷумла ҳол мебошад:

Пас аз он бо садои бисёр паст ба саломи вай ҷавоб гар- донд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Саҳни ҳавлӣ хеле васеъ, аз ҷони- би боғ бо шохи дарахтон ва бо чиғҳо гирифта шуда буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Нурҳои офтоб ба гирду атроф барқвор паҳн мешуданд (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо). Командир бо мо нохост дар забони узбекӣ ба сухан даромад (С. Улуғзода, Субҳи ҷаво- нии мо). Раиса дар аввал чизе нагуфта, хоксорона чашмашро

пешина
аз 457
навбатӣ