Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

аспро раҳо намуда, ба сағрии он қамчин зад (Р. Ҷалил, Баҳор). Ин мисраъро беихтиёр замзамакунон такрор мекардам, ки ба сурудхонӣ гузашта рафтанамро нафаҳмида мондам (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Аммо як рӯз яке аз шарикдарсонаш тасодуфан китоби ӯро дида «Шамсия» будани ӯро фаҳмида, ба ӯ хабар додааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Нохост аз торикӣ шиҳаи асп баланд шуд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дар саҳни мадраса Рӯдакӣ чашмаш ба ӯ ғалтид ва фавран ба пешвозаш омад (С. Улуғзода, Қисмати шоир). Ногаҳон ба нармии гӯши ростам як чизи тез халида ҷаззӣ карда монд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Якбора худро ду қадам ба ақиб партофт (Ҳ. Карим, Оқшуда). Юлдошев ҳам ба замин дузону нишаста, ба ҳар тараф нигоҳ карда, сухани раиси шӯрои ҳосилотро тасдиқ намуда эзоҳ дод (С. Айнӣ, Ғуломон).

Ва, баръакс, зарфҳои макону замон ва сабабу мақсад ҳолатро фаҳмонанд ҳам, мисли сонӣ, дер, қафо, пеш, боло, поин баъзе зарфҳои замону маконро ном бурдан мумкин аст, ки дар шакли қиёсӣ меоянд:

Дар ин бобатҳо сонитар гап мезанем, таъкид намуд домулло, — ба ман ҳаминро гӯед, ки ҳавлии ман дар куҷост (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Дертар фаҳмидам, ки падару модарам боз чаҳор фарзанд ёфта бошанд ҳам, аммо ҳамаи онҳо дар хурдсолӣ вафот карда буданд (С. Улуғзода, Саргузашти Собир). Поёнтар аз остонаи баланди ин дар сӯрохе сохта ҳоҷаруласвод, яъне санги сиёҳи муқаддасро он ҷо гузоштаанд (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Аз даҳанаи раҳна дарунтар меравед (С. Айнӣ, Куллиёт). Маҳбус болотар нигоҳ карда дид (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).

Аз зарфҳои миқдору дараҷа танҳо онҳое дар шакли қиёсӣ меоянд, ки аз сифат ба ин категория гузаштаанд:

Он вақтҳо амир Абдулаҳад ба Бухоро надаромада, бисёртар вақташро дар Кармина ва атрофи он мегузаронид (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Ҳамин тавр, дар байни зарфҳои миқдору дараҷа ва замону макон зарфҳои ифодакунандаи аломат мавҷуд бошанд ҳам, зарфҳои аломат асосан хоси зарфи тарзи амал мебошанд.

Зарфи тарзи амал

Зарфҳои тарзи амал тарзу ҳолати воқеъ гардидани амалу аломатро мефаҳмонанд ва ба саволҳои чӣ хел?, чӣ гуна?, чӣ тарз?, чӣ тавр? ҷавоб мешаванд: зуд омадан, бад-бад нигоҳ кардан, дудаста пахта чидан, оромона нишастан, беист гап задан, сарнагун афтодан, пуштиной роҳ рафтан.

пешина
аз 457
навбатӣ