Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Мурод гап назада буд, баъд аз он ки имрӯз мақсади бой равшан шуд, аз аввал то охир як ба як ба шавқараш гуфта дод (С. Айнӣ, Куллиёт).
ПЕШОЯНДУ ПАСОЯНД
Пешоянд ва пасоянд калимаҳои ёридиҳанда мебошанд, онҳо бо исм, ҷонишин ва дигар ҳиссаҳои исмшудаи нутқ омада, муносибатҳои синтаксисии онҳоро бо дигар калимаҳо нишон медиҳанд. Пешоянд ва пасоянд дар ҷумла ва ибора муносибати масоҳат, замон, объект, сабаб, мақсад, восита, тарзи амал, монандӣ ва ғайраро ифода менамоянд. Пешоянду пасоянд барои робитаи аъзоҳои ҷумла, инчунин барои аниқ намудани вазифаҳои синтаксисии феъл ва ҳиссаҳои номии нутқ хизмат мекунанд.
Дар ҷумлаи «Чанд сол пеш бо коре ба колхози «Субҳи Октябрь» омада будам» (А. Сидқӣ, Фарзанди замон) дар ибораи феълии «бо коре... омада будам» феъли (хабари) омада будам ба туфайли пешоянди бо исми... коре-ро ва дар ибораи феълии «ба колхози «Субҳи Октябрь» омада будам» ба воситаи пешоянди ба ибораи «колхози «Субҳи Октябрь»-ро тобеъ кардааст. Дар ибораи бо коре... (бо чӣ мақсад?) омада будам пешоянди бо алоқаи байни хабару ҳоли мақсадро ба вуҷуд овардааст. Дар ибораи ба колхози «Субҳи Октябрь» (ба куҷо?) омада будам пешоянди ба муносибати масоҳат — сӯй ва ҳаракатро ифода намуда, хабару ҳоли маконро ба ҳам алоқаманд кардааст.
Дар ҷумлаи «Яке аз рафиқон аз ман пурсид» (С. Айнӣ, Марги судхӯр) пешоянди аз ду карат зикр гардида бошад ҳам, дар ду ҳолат муносибатҳои гуногунро ифода менамояд. Аз ҷумла, он дар ибораи яке аз рафиқон... пурсид — якҷоя бо ҳиссаҳои номии нутқ — калимаҳои яке ва рафиқон муносибати ҷудокунӣ (қисме аз бутунро) нишон додааст. Дар ибораи... аз ман пурсид бошад, пешоянди аз ба сарчашмаи амал ишора менамояд: аз кӣ пурсид? — аз ман ва муносибати объектро ифода намуда, алоқаи байни хабару объекти (пуркунандаи) бавоситаро ба амал овардааст.
Дар ҷумлаи «Сӯҳбатро дар ин ҷо қатъ мекунем» (А. Сидқӣ, Фарзанди замон) пасоянди -ро ба объекти бевоситаи амал далолат намуда, пуркунандаи бевоситаро бо хабар алоқаманд кардааст.
Пешоянд ва пасоянд на фақат муносибати байни феълу ҳиссаҳои номии нутқ, балки байни исмҳоро ҳам нишон медиҳанд. Чунончи: сандуқи оҳанин барои ҳуҷҷатҳо, конститусияи дар ҷаҳон демократитарин, шаби пеш аз марг.
Моҳияти грамматикӣ ва мафҳуми пешоянду пасоянд ба семантикаи ҳиссаҳои номии феъл ва ба мундариҷаи умумии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор