Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҷумла ё ибораҳое, ки дар таркиби онҳо пешоянду пасоянд ҳаст, зич вобаста аст. Ин алоқамандӣ дар таркиби, ки ин ё он пешоянд дар дохили он муносибати гуногун ифода менамояд, осон тасаввур карда мешавад. Дар ҷумлаи «Ин саноҷ аз солҳои ҷавониам сар карда хизмати ҳалтаи сафарии маро адо мекард» (Р. Ҷалил, Шӯроб) пешоянди аз бо пасоянди саркарда омада муносибати замониро ифода намуда, ибтидои амалро аз давраи муайяне равшан нишон дода истодааст. Дар ҷумлаи «Корвонҳо дар тобистон аз бими гармии ҷонгудози рӯз бештар шабона ба роҳ медаромаданд (А. Деҳотӣ, Оби ҳаёт ба биёбони Қароқум) пешоянди аз муносибати сабабро ифода намудааст.

Пешоянд ва пасоянд, ки маънои гуногуни грамматикиро ифода менамоянд, аз мафҳумҳои лексикӣ тамоман маҳрум нестанд. Аммо дараҷаи ба маънои лексикӣ соҳиб будани онҳо як хел нест: баъзе пешояндҳо аз мафҳумҳои мустақиқли лексикӣ умуман маҳрум буда, фақат вазифаҳои ёвариро адо менамоянд: баъзеи онҳо баробари вазифаҳои ёварӣ қисман моҳияти лексикӣ, бештар моҳияти номӣ ва зарфии худро нигоҳ медоранд. Пешоянду пасоянд дар ҳолати мазкур ба таркибу ибора тобиши иловагӣ мебахшанд, ки ба моҳияти асосии лексикии онҳо алоқаманданд ва ин тобиши маъно, махсусан дар ҳолате ки пешоянду пасоянд муносибати грамматикии масоҳат, замон ва ғайраро ифода менамояд, бештар зоҳир мегарданд:

Ҳама ба сӯи хонаи Шарифино роҳӣ шуданд (П. Толис, Бародарон). Аз пушти колоннаҳои ҳарбии пиёда аскарони сурхи аспакӣ, аз ақиби онҳо танкҳо тезутунд мегузаранд (А. Деҳотӣ, Дар маркази социализм). Моро ҳамроҳи худ баред, амакҷон, партофта наравед, — ба таваллою зорӣ даромад (Р. Ҷалил, Шӯроб).

ПАЙДОИШИ ПЕШОЯНД

Пешоянд дар забони тоҷикӣ аз нуқтаи назари пайдоиш ба ду гурӯҳ тақсим мешавад: ба гурӯҳи аввал пешояндҳои аслӣ дохил мешаванд, ки пайдоиши онҳо ба давраи қадими инкишофи забонамон тааллуқ дорад; ба гурӯҳи дуюм пешо- яндҳои номӣ тааллуқ доранд, ки дертар ба вуҷуд омада, дар марҳилаи миёнаи тараққиёти забон такомул ёфтаанд ва дар айни ҳол васеъ паҳн шудаанд. Пешоянду пасоянд, чунон ки забоншиносии ҳозира тасдиқ менамояд, дар ибтидо аз ка- лимаҳои мустақил ба вуҷуд омадаанд, ки бо мурури замон ба гурӯҳи калимаҳои ёрирасон дохил шудаанд. Қисме аз он- ҳо моҳияти луғавияшонро тадриҷан гум карда истода, ҳам- чун калимаи ёвар танҳо барои алоқамандии калима исти- фода мешаванд. Қисми дигар маънои луғавиашро қисман

пешина
аз 457
навбатӣ