Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

омада бошад, гоҳо дар шакли қадимтарини худ (бад) кор фармуда мешавад: бад-эшон, бад-ӯ.

Пешояндҳои аз, ба, дар хеле сермаъноянд. Пешоянди ан-дар ва пешоянди ҷуз нисбатан кам истифода шуда, бештар дар назм вомехӯранд.

Пешояндҳои бе ва то аз ҷиҳати маъно ва вазифа нисбатан маҳдуд мебошанд.

Дар ҳар пешоянди аслӣ маънои асосӣ дида мешавад, ки дигар тобишҳои маъно аз он инкишоф ёфтаанд. Тобишҳои дигар ба калимаи бо пешояндамада ва феъл (ё ҷузъи ибо-ра) вобастаанд.

Пешоянди аз

Пешоянди аз дар маъно ва вазифаи асосӣ барои ифодаи муносибати масоҳат ва замон меояд: мавқеи баромад ва сарчашмаи амалро нишон дода, ҷудошавӣ, дуршавиро мефаҳмонад. Пешоянди аз дар мавриди зерин истифода мешавад:

  1. Барои нишон додани мавқеи баромади амал аз предмет, аз дохили предмет ва ё аз сатҳи он равона шудани амал: Аз Деҳнав ва ё ки Юртчӣ, аз Ҳисори Шодмон ё ки Қаротоғ биёяд, чопоре ва ё ки шогирдпешаи мир ояд, албатта, ба хонаи Муҳаммад Аминбой мерафт ва меҳмони ӯ мешуд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Қорӣ Исматро аз хона бароварданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Аз ароба мебароем, — маслиҳат дод аробакаш (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).— Хӯрҷинро чаппа кун. Аз куҷо меоӣ, ба куҷо меравӣ? — Аз Ворух ба Самарқанд меравам (Р. Ҷалил, Шӯроб).

  2. Барои нишон додани гузаргоҳи чизе мебошад ва ё гузаштан аз ҳудуди чизе, дар ин ҳолат тобиши махсус мегирад, дараҷа ва миқдорро ҳам нишон медиҳад. Акнун барфи кӯча аз бучулаки по мегузашт (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Вақт аз ними шаб гузашта буд (С. Айнӣ, Аҳмади девбанд).

  3. Замони сар шудани амал ё ҳодиса.

Устухонам гашта сахт аз кӯдакӣ бо шири ту (А. Деҳотӣ, Ба модар — ба Ватан). Дарсамон аз соати нӯҳ сар мешавад. Аз рӯзи зоида шуданатон аъзои колхоз ҳастед (С. Улуғзода, Навобод).

  1. Предмети бутун ё маҷмӯи предметҳо ва ё тоифаи муайяни одамҳое, ки аз онҳо қисме ҷудо мешаванд, инчунин ба маҷмӯъ мансубияти ҷузъро мефаҳмонад: Яке аз дӯстонам ба ман бо роҳи маслиҳат гуфт (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Шабе аз шабҳои зимистон, ки дару боми деҳқононро барф фурӯ гирифта буд, қариб бист нафар аз ҷавонони деҳаи Соктаре дар меҳмонхонае маҷлиси дангона барпо карданд (С. Айнӣ, Аҳмади девбанд).
пешина
аз 457
навбатӣ