Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Варианти ин маънои пешоянди аз нишон додани мансубияти одам ба ҷое ва ё ба маконе мебошад: Маҳмудараб дар асл аз тумани мо: тумани Тошкӯҳ буд (С. Айнӣ, Ҷаллодони Бухоро).

  1. Ба материале, ки предмет аз он сохта шудааст, ишора мекунад: Он чилим монанди чилимҳои оддии тамокукашӣ чӯбкадугӣ ё мисин набуда, аз чӯби чормағз... сохта шуда буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Лолаву себарга ба вақти саҳар — Ҳалқабагӯшанд зи лӯлӯи тар (М. Турсунзода, Меҳмони магриби).

Вобаста ба маънои феъл ва ё сифат, ки серӣ, пурӣ, холигиӣ ва ғайраро ифода мекунанд, аз чӣ пур будани предмет ва ё ҷоеро мефаҳмонад: Сандалиҳошон, ки аз оташи пагоҳӣ пур карда шудаанд, аз рутубати замин то чоштгоҳ пур аз хокистари ободуд мегарданд (С. Айнӣ, Аҳмади девбанд). Кӯчаҳо аз машина пур шудаанд. Чашмонаш аз ашки шодӣ пур буд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

  1. Пешоянди аз барои ифода кардани соҳибият ба кор бурда мешавад: Ин китоб аз мо, инаш аз шумо. Навбати ояндаи тӯй аз вай аст — Шодии ҳар як дару кӯй аз вай аст (М. Турсунзода).

  2. Баъзе маъноҳои пешоянди аз аз семантикаи аввали наш дур рафта, барои нишон додани объекте, ки амал ба он равона шудааст, кор фармуда мешавад: Акрам аз гиребони ҷомаи Рустам-амак қапида ба хона даромад (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ҳар бача бачаи дигареро аз рӯй, бинӣ, пешонӣ ва чашм нишон гирифта бо тири камони худ мезад (С. Айнӣ, Мактаби кӯҳна).

Дар ифодаи муносибатҳои ғайримасоҳатӣ ва ғайризамонӣ пешоянди аз муносибатҳои зеринро нишон медиҳад:

  1. Сарчашмаи амал ва ҳолат. — Аз дӯст як ишорат, аз мо ба сар давидан (Зарбулмасал). Акнун, ки аз ман ҳисобӣ, рухсат металабад, бояд шумо қарзи маро рӯёнида диҳед..., вагарна ман ҳаққи худро аз шумо талаб мекунам (С. Айнӣ, Одина). Дар ин сурат пешоянди аз вобаста бо семантикаи феъл тобиши ҳархелаи маъноӣ пайдо мекунад. Чунончи:

а) Бо феълҳои типи: харидан, ёфтан, гирифтан, талаб кардан, пурсидан, хабардор шудан, хабар гирифтан ва ғайра сарчашмаи ба даст даровардани предмет ё маълумотеро нишон медиҳад. Ман аз шаҳри Душанбе дина, эй ҷон, Гирифтам номаат шодону рақсон (А. Деҳотӣ, Дар ҷавоби мактуб). Инро одамони ман дар деҳи Оқтерак аз хонаи як қунгурот ёфта овардаанд (С. Улуғзода, Восеъ). Маълум мешавад, ки онҳо аз хатари марговар огоҳ нестанд (П. Толис, Дар оғӯши кӯҳсор).

б) Бо феълҳо ва исмҳое, ки ҳазар кардан, дуршавӣ, эҳтиёт ва ё ягон ҳиссиётро ифода мекунанд, ҳамчу тарсидан, бим доштан, пушаймон шудан, мулоҳиза кардан, маҳрум

пешина
аз 457
навбатӣ