Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ба Бухоро расонда медиҳаму худам ба Шаҳрисабз бармегардам (С. Улуғзода, Восеъ). Дар охирҳои зимистон падарам ба Маҳаллаи Боло рафтан хост (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

  1. Самт ва сӯи амали равона шударо нишон дода, ба предмет расидани предмети дигарро мефаҳмонад: Теғро ба санг зада, охир покуро тез карда тамом намуд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Дасташро ба маҳсиаш пок кард (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Шуоъҳои тез ва кунҷкови офтоб рост ба чашмони ӯ бармехӯрданд (П. Толис).

  2. Нигарондани амал ба дохили предмет ва ё ҷой: ...як рӯз пеш аз ин ба ҳавз об сар дода, онро лаб ба лаб карда буданд... (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Мо ба ҳавлӣ даромадем (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

  3. Равона шудани амал ва ё ҷой гирифтани предмет ба сатҳ ва ё ба болои ҷое ё чизе: Ба лаби дарёи Сир, — ба ин ҷо самоворчиҳо хаймаҳои муваққатӣ зада, тайёр мешуданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Занак ба канораме пӯстакчаеро паҳн карда, ӯро дар он ҷо хобонид (С. Айнӣ, Ятим).

Муносибатҳои ғайримасоҳагӣ, ки ба воситаи пешоянди ба ифода мегарданд:

  1. Сӯй ва майли амал ба шахс (адресат):

Ман надонам, чӣ сон ба он дилбар. — Бинамоям муҳаббатам изҳор (М. Миршакар, Панҷи ноором). Бо чашмони пуроб чилимро ба соҳибаш баргардонидам (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).

  1. Хоҳиш, орзу, майл ва инчунин муносибати ин мақсад ва таъинотро ифода мекунад: Рӯзу шаб тӯда-тӯда меояд.— Халқи мазлум ба дидани Ленин (М. Миршакар, Панҷи ноором). Вай ба тулӯи офтоб мунтазир шуд (С. Айнӣ, Ғуломон). Аммо ба ин бозӣ бачагон бисёр рағбат накарданд (С. Айнӣ, Мактаби кӯҳна).

  2. Мувофиқат ва монандӣ доштан, инчунин ҳамроҳ будан:

Тарафи дигари рӯяш ба ким-кадом ҳайкали қадим наздикӣ дошт (П. Толис). Он коғаз ба рӯи пурчини мактабдор ҳамрангӣ дошт (С. Айнӣ, Мактаби кӯҳна).

Тобиши дигари ин маъно нарх, андозаро фаҳмондан аст: Онҳо ба нархи донафурӯшӣ фурӯхта медиҳанд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

  1. Предмети сабабгори амал ва ҳолатро нишон медиҳад: Кӣ медонад, онҳо ба афту башараи хандаовари домулло хандадиданд ё ки ба гапҳои ӯ. Ман ба ин ҳол тааҷҷуб кардам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Нодон ба кори худ ҳайрон (мақол). Умеди мо бештар ба онҳо буд (С. Айнӣ, Дохунда). Ҷавонон ба аҳволи ин шахс хандиданд ва масхара доштанд (С. Айнӣ, Аҳмади девбанд). Ман ба ҷасорати халифа ҳайрон шудам (С. Айнӣ, Мактаби кӯҳна).

  2. Пешоянди ба барои нишон додани воситаи иҷро ва тарзи

пешина
аз 457
навбатӣ