Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

шудан, хафа шудан, ранҷидан, хурсанд будан ва ғайра сарчашмаи ҳиссиёт ва ё ки тарс ва ҳоқазоро нишон медиҳад. Аз бало ҳазар (Зарбулмасал); Аз душмани дӯстрӯ бупарҳез (Зарбулмасал). Аз касе наметарсид, хушомад намезад ва ҳариси молу чиз набуд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Ҳазорон сол боз ин турфа мардум — Зи ҳаққи зиндагонӣ гашта маҳрум (М. Турсунзода, Қиссаи Ҳиндустон).

Бо шакли мафъули феълҳо (алоҳида ва ё бо калимаи тараф) субъектро нишон медиҳад: Оқибат булбулон аз мо мағлуб гардида хомӯш монданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Зеро он рӯз бо орзуи ба завқ хӯрдани оше, ки бо харҷи худам, дар ҳуҷраи худам ва аз тарафи худам дастӣ пухта шудагӣ буд, ҳатто як бурда нон ҳам нахӯрда будам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ободии марди олам аз ранҷбар аст — Осоиши навъи одам аз ранҷбар аст (С. Айнӣ, Лоҳутӣ).

  1. Сабаб: Аз гирӯя монда шуда, бо сари хам аз ҷояш бархост (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Бачек тарсид, бадани ӯ дар асл аз сармо сӯзиш мекард (С. Айнӣ, Ятим). Гарчи сари халқ шуд аз ғам сафед — Пур бувад аммо дили ӯ аз умед (М. Турсунзода, Меҳмони мағрибӣ).

  2. Объектӣ муҳокима ва фикр: Чӣ гап занам ва аз чӣ гап занам, ки дарди ман бисёр аст (С. Айнӣ, Ғуломон). Сӯҳбат аз ҳикмати забон мерафт — Аз фазои ситорагон мерафт (М. Турсунзода, Кулоҳи Ахвледиани).

  3. Муқоисаи предмете бо предмет ва ё касе: Вагарна паҳнобе буд, қадаш аз қомати сабза ва себаргаҳои навхезе, ки дар роҳи ҳаракати ӯ рӯида буданд, баландӣ надошт ва садои ҳаракаташ аз овози ҷунбиши зангӯлаи симини сари зулфи симбарони нозукхироми тоҷик тафовут намекард (С. Айнӣ, Одина). Аз марворид донаи гандум қиматтар аст (Зарбулмасал). Гирифтам дастрӯмоле, ки аз гул буд нозуктар (М. Турсунзода, Ду дастрӯмол). Кошкӣ ӯ ақаллан дар синну сол аз ман калонтар мешуд... (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Арзандатар аз ишқ ба олам гуҳере нест — Покиза бидораш, ки ба ҳастӣ сабаб аст ин (А. Лоҳутӣ).

Пешоянди ба

Пешоянди ба аслан муносибатҳои масоҳатиро ифода намуда, барои нишон додани предмет, шахс ва ё ҷой, ки амал ба сӯи он равона шудааст, кор фармуда мешавад. Ин пешоянд асосан самти амал ва ё ҳаракатро нишон медиҳад, аммо вобаста ба семантикаи феъл ва исм ва инчунин бо мазмуни умумии ҷумла пешоянди ба тобишҳои маъноии гуногун: ҳам масоҳатӣ, ҳам объектӣ ва ҳам замонӣ ба худ мегирад.

Муносибатҳои масоҳатӣ, ки ба воситаи пешоянди ба ифода мегарданд:

  1. Ба сӯи предмет ва ё ба ҷое равона шудани амал: Аспҳоҷонро
пешина
аз 457
навбатӣ