Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Муқобили, зидди, хилофи. Ин пешояндҳо ба сифати пешояндҳои таркибӣ бештар бо пешояндҳои аслии ба, бар кор фармуда мешаванд ва вобаста ба маънои луғавиашон муносибатҳои хилофӣ ва муқобилро нишон медиҳанд: Фақат ин гарданшахони якраҳаи хунхор, ки ба муқобили халқи тамоми ҷаҳон ҷиноятҳо тайёр карда истодаанд, барои худ нафрат, лаънат, рӯсиёҳӣ ва бадномии абадиро тайёр мекунанд ва барои худ гӯр мекованд (С. Айнӣ). Гӯё ин гапҳояш на танҳо ба муқобили падару модараш, балки ба тамоми дунёи кӯҳна эътирози халқи... озоди ӯ буд (Ҳ. Карим, Оқщуда). Ташвиқоти муллоён асосан бар зидди ислоҳоти замин буд ва ба мардум таъсири калон мебахшид (А. Сидқӣ, Фарзанди замон). Ҳар як китоби ӯ дар дасти халқи ҳинду машъали дурахонест, ки ба мубориза бар зидди истисморкунандагон даъват мекунад (М. Турсунзода). Бар хилофи куҳансолон қисми зиёди ҷавонон... заминро бо шодмонӣ қабул мекарданд (А. Сидқӣ, Фарзанди замон). Ба хилофи интизори ҳозирон қози ба шайх чандон илтифоте ҳам намекард (С. Улуғзода, Восеъ).

Бадали... чун пешоянди таркибӣ бо пешояндҳои аслии ба, дар кор фармуда мешавад. Ин пешоянд муносибати ивазшавии як предмете ба предмети дигарро ифода менамояд.

Ӯ ба бадали ин пул ҳеҷ хизмате накарда бемор шуда рафт (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Дар моҳи савр (апрель) Ҳоҷӣ Қурбон омада, вақфи мазкурро ба бадали биступанҷ ҳазор танга ба иҷора гирифт (С. Айнӣ, Ғуломон).

Ин пешоянд барои ифодаи замон, вақти муайян низ кор фармуда мешавад:

Ёдгор ҳақиқатан хурсанд буд, вай ба замми ин ки дар бадали як моҳ барои понздаҳ танга аз панҷ танга фоида додан халос шудааст, аз дидани халтай хатчӯбдор роҳ ёфтааст (С. Айнӣ, Дохунда). Супориш аз ҷониби қушбегӣ шуд, ин хел духтарчае, ки ман гуфтам, бояд дар бадали ҳамин моҳ ба даст дарояд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).

Ивази... Ин пешоянд муродифи пешоянди бадали... мебошад: Ба ҳамин тариқ, халқ барои об ба ивази хун ва ҷони худ мубориза мебурд, талош мекард (А. Деҳотӣ, Чӯли лабташна, шунав, оби равон меояд).

Мувофиқи... Ин пешоянд маънои луғавиашро нигоҳ дошта, ба як ҳодиса мувофиқ будани дигарро мефаҳмонад. Мувофиқи ривояти дуюм, ин деҳа як замонҳо анорзор будааст (А. Сидқӣ, Фарзанди замон). Планҳояш буд шуда истодааст. Лекин тамоман мувофиқи табъи ман не (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Муносиби... Муродифи пешоянди мувофиқи буда, баъзан тобиши услубӣ дорад: Баданашон мувофиқи рӯяшон борик ва либосашон муносиби танашон химча ва танг буд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

Акнун ки ба муносибати воқеаи Қорӣ-ишкамба дар бораи

пешина
аз 457
навбатӣ