Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ошнои деринаам — бойбача қадре сухан ба миён омад... (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
Ба шарофати... Ин муродифи пешоянди ба муносибати буда, инчунин вобаста будани ягон чизе ва ё амалеро ба ҳолате ва ё воқеаи муайяне мефаҳмонад: Ба шарофати донистани забони шуғнонӣ Пётри мо бе ёрии тарҷимон бо ҳама озодона гуфтугӯ намуд... (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Ба шарофати иқтидори ту ӯ аз ин бало халос шуд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Дар шаъни... Ин пешоянд аз рӯи маънои луғавиаш ба пешоянди ба муносибати наздик мебошад, лекин тобиши эҳтиром дорад: Ман латифаҳоеро, ки дар шаъни рӯмониҳо бофта мешаванд, хеле дӯст медорам (А. Сидқӣ, Фарзанди замон).
Васфи, дар васфи. Ин пешоянд муродифи пешоянди дар шаъни буда, одатан дар таркибҳои дорои услуби тантанавӣ кор фармуда мешавад: Ӯ дар васфи шоири бузурги миллии халқи рус, дар васфи Пушкин ҳам шеър навиштааст (М. Турсунзода). Ғазал мегуфту дур месуфт Ҳофиз — шоири Шероз — Суханро дода дар васфи шумо ҷодугарон пардоз (М. Турсунзода, Тара-Чандри). Сар то қадами ту дилрабоянда бувад — Дар васфи ту дил нағмасароянда бувад (Ҳабиб Юсуфӣ).
Монанди, ба монанди, мисли, ба мисли, мисоли, ба мисоли... Ин пешояндҳо шабоҳат ва монандӣро ифода намуда, ҳаммаъно мебошанд: Ин кӯҳсоре, ки ин дараро печонда гирифтааст, аз дур ба назаратон монанди як кӯҳпорае менамоянд (С. Айнӣ, Дохунда). Монанди сайёде, ки шикори ба дом афтодаи худро гурезонда бошад, ё мисли шағоле, ки мурғи ба чангол даровардаашро аз даст дода бошад, аз ғазаб дандон мехоид (С. Айнӣ, Дохунда). Ба мисли Комде дар ҳусну дар санъат ҷаҳонгирӣ — Ту, эй раққосаи даврон, Тара-Чандри, Тара-Чандри (М. Турсунзода, Тара-Чандри).
Ба сабаби, аз сабаби... Ин пешоянд доимо ба шакли таркибӣ омада, сабаби воқеъ гардидани амале ва ё вазъиятеро нишон медиҳад.
Аз сабаби бадии ҳаво самолёт имрӯз намепарид (А. Деҳотӣ, Сафари Кобул). Ба сабаби беворис буданаш... бист танга дод (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Аз боиси... Ин пешоянд муродифи пешоянди аз сабаби мебошад: Ҳоло ту аз боиси ман шатта хӯрдӣ, Ниёзҷон? (С. Улуғзода, Восеъ).
Бо мақсади. Ин пешоянд мувофиқи маънои луғавии ҷузъи номиаш мақсади ба вуҷуд омадани амале ва ё вазъиятеро ифода менамояд. Лутфулло Кариморовро ҳам бо мақсади ташкил кардани мактаб ва ба таълим ҷалб намудани фарзандони меҳнаткашон ба мактабҳои деҳаҳои Мортеппа, Хонақоҳи Кӯҳӣ, Ҳофизқишлоқ, Лолагӣ ва Қипчоқи райони Ҳисор мефиристонданд (Маориф ва маданият); Бо мақсади расонидани хизмати маданӣ ба колхозчиён дар давраи ғунучини пахта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор