Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Дар роҳи — ба роҳи — бо роҳи... Ин пешоянд мафҳумоти тарзи амал ва ё воситаи ба вуҷуд овардани ҳодиса ва ё амалеро ифода менамояд, аз баҳри касе ва ё чизе воқеъ шудани амалро нишон медиҳад. Рӯзҳои пурфараҳи ид торафт наздик шуда истодаанд, ки ин коркунони муассисаҳои республикаро водор мекунад, ки дар роҳи амалӣ гардидани нақшаҳои идораи худ ҷиддӣ машғул шаванд, то ки баъд ба шитобкорӣ роҳ надиҳанд (Маориф ва маданият). Дар роҳи ватан мурдан — зиндагист — Мурдан — зиндагонӣ дар бандагист (А. Лоҳутӣ).
Ҷои, ба ҷои... Ин пешоянд ба ҷои предмете ва ё ҳодисае омадани предмет ва ё ҳодисаи дигареро мефаҳмонад: Ҷои он реги равон оби равон хоҳад шуд — Ҷои он шӯразамин богу макон хоҳад шуд (А. Деҳотӣ, Чӯли лабташна, шунав...).
Вале ба ҷои табассуми ширин ва нозу карашма дучори дашномҳои беандоза шуд (Ҳ. Карим, Оқшуда).
Ғайри, ба ғайри, аз ғайри... Ин пешояндҳо истисноро ифода менамоянд: Он рӯз як рӯзи наве буд ба ман, ки аз ғайри чашмдошти ман, бахти нав оварда буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Ба туфайли, аз туфайли... Ин пешоянд сабаби ба вуҷуд омадани ҳодисае ва ё амалеро мефаҳмонад. Ба туфайли инҳо ба ин қадар моҷаро дучор шудему боз... (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Ба замми... Ин пешоянд маънои иловагиро ифода мекунад: Рафиқи фаррош ба замми маишати ноқис чилимкашӣ карда, роҳи нафасашро қариб бастааст (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). ...Ба замми ин аз тазкира ва тарҷумаи ҳолҳо ҷоҳоеро, ки ба Фирдавсӣ муносибат доранд, боз як бор аз назар гузарондем (С. Айнӣ, Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ).
Дар бораи, хусуси... дар хусуси, аз хусуси, дар бобати... Ин пешояндҳо ҳаммаъно буда, бо исм омада мавзӯъ ва объекти нутқ ва ё фикреро мефаҳмонанд. Шояд вай дар бораи он колхоз чизе донад (П. Толис, Чароғҳо). Вақте ки сухан дар бораи алмос мерафт, ӯ аз пушти дар гӯш медод (Латифаҳо). Аз хусуси аризаи худаш лаб накушод (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар бобати рӯёндани ҳосили фаровони пахта хизмати Иброҳим-ота калон аст (Тоҷикистони Советӣ).
Дар ҳаққи... Ин пешоянд муродифи пешояндҳои дар бораи, дар бобати буда, тобиши нисбатдиҳӣ дорад. Аз рӯи чӯб дар ҳаққи ман ҳукм мекунед (Латифаҳо). Падарам дар ҳаққи Абдунабӣ, ки хизматтори деринаамон буд, бисёр ноинсофӣ карда истодааст (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Дар ҳаққи он ғор ва бошандагонаш бисёр ҳикояҳои аҷиб бастаанд (С. Айнӣ, Аҳмади девбанд). Аксари онҳо дар ҳаққи одамони донишманд, кордон ва ё шоирони дар байни халқ машҳур гуфта шудаанд (А. Сидқӣ, Фарзанди замон).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор