Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
шӯъбаи маданияти ноҳия бо ёрии ташкилоти партиявию комсомолӣ бригадаи агитатсионӣ ташкил намуд (Маориф ва маданият).
Аз ҷиҳати... Ин пешоянд баробари нишон додани сабаби амал дахлдор будани як ҳодиса ба ҳодисаи дигар ва ё предмет ба предмети дигарро низ ифода мекунад: Аз ҷиҳати пирӣ ба бардоштани он сандуқ қувваташ нарасидааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Россияи тоинқилобӣ аз ҷиҳати маблағи ба соҳаи маорифи халқ ҷудошуда ва шумораи хонандагон дар Европа ҷои охиринро мегирифт (Маориф ва маданият).
Аз ваҷҳи... Ин пешоянд муродифи пешоқанди аз ҷиҳати мебошад.
Дар байни гапаш гуфт, ки ҷаридаҳои фарангистон аз ваҷҳи Бухоро ва Хева ба Россия айб мемонданд (С. Улуғзода, Восеъ).
Ҳамроҳи, бо ҳамроҳии... Ин пешоянд муштарак будани амалеро мефаҳмонад: — Хуб, — гуфтам, ва бо ҳамроҳии ӯ ба роҳ даромадам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Дар ноҳияи Панҷакент бо ҳамроҳии устод Айнӣ як ҷӯйбори қадими обёрии — Туқсонкорезро дида будем (А. Деҳотӣ, Масъалаи ҳаёту мамот).
Қатори, дар қатори... Ин пешоянд муродифи пешоқанди ҳамроҳ мебошад.
Ман, ки дар қатори Мирзоабдувоҳид вазифаи пешхизматиро адо мекардам... (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар қатори онҳо ба фарзандам Пӯлод ҳам мадад деҳ (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Дар натиҷаи... Мувофиқи маънои ҷузъи номиаш ин пешоянд амале ва ҳодисаеро нишон медиҳад, ки дар натиҷаи он ягон амал ва ё вазъияте ба вуҷуд меояд: Дар натиҷаи фишори пурзӯри ҳаво то 60—70 метр ва аз ин ҳам баландтар фаввора зада баромадани оби фонтанҳоро бисьёр касон дидаанд (А. Деҳотӣ, Ҳаёт қадам мезанад). Дар натиҷаи чунин тараққиёти беназири иқтисодиёт ва маданият мамлакати қафомондаи аграрӣ ба давлати пурзӯри тавонои индустриалӣ-колхозӣ табдил ёфт.
Баҳри, аз баҳри... Ин пешоянд амалеро, ки ба манфиати касе ва ё коре вуқӯъ мегардад, ифода менамояд. Маълум мешуд, ки вай на аз баҳри тамошо ин баромади хатарнокро пеш гирифтааст (П. Толис, Дар оғӯши кӯҳсор).
Ба воситаи... Ин пешоянд он амалеро нишон медиҳад, ки бо ёрии касе, чизе ва ё коре ва ё бо ягон роҳе ба вуҷуд меояд: Ман ин муамморо танҳо ба воситаи ӯ ҳал кардан метавонистам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Роҳи калони сангфарши навро ба воситаи қишлоқи Қаторбед кашида буданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Бад не, — гӯён Ҳомид ба воситаи зинапояча бар болои мошин баромад (П. Толис, Дар лаби Дарё).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор