Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Гарм ҳанӯз садҳо сол пеш аз ин ба одамон маълум шуда буд (А. Деҳотӣ, Чашмасори давоҳои мӯъҷизавӣ). Назар ба қавли Тӯтапошо, будааст набудааст як муллои қашшоқ будааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
ПАСОЯНДҲО
Дар забони адабии ҳозираи тоҷик пасояндҳое, ки аз маънои мустақили луғавӣ озод буда, танҳо ба вазифаи калимаи ёвар истифода мешаванд, фақат дуто аст: -ро ва барин. Пасояндҳои дигар маънои мустақили луғавӣ доранд ва на фақат ба сифати калимаи ёвар, балки ҳамчун калимаи мустақил низ истифода мешаванд.
Пасояндҳо ба 2 гурӯҳ: аслӣ ва ғайриаслӣ тақсим мешаванд. Ба гурӯҳи пасоянди аслӣ пасоянди -ро дохил мешавад, ки якчанд маънои грамматикӣ дорад. Пасоянди барин байни пасояндҳои аслӣ ва ғайриаслӣ мавқеи мобайнро ишғол мекунад. Онро шартан ба гурӯҳи пасояндҳои аслӣ дохил кардан мумкин аст, зеро унсури комилан ёридиҳанда аст ва ба сифати калимаи мустақил тамоман истифода намешавад. Аммо ин пасоянд метавонад суффикс қабул кунад: Ман баринҳо зан ба куҷо! (С. Улуғзода, Восеъ). Агар хоҳӣ, ман баринак не, аз ман зиёдтар бағайрат, коркун ва кордон шуда метавонӣ... (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Ба гурӯҳи пасояндҳои ғайриаслӣ пасояндҳои номӣ ва зарфии зерин дохил мешаванд: боз, қатӣ, пас, баъд, пеш, муқаддам, замон, ҳамон, баробар, берун, эътиборан, инҷониб, интараф.
Пасояндҳои аслӣ
Пасоянди -ро. Ин пасоянд дар системаи пасояндҳо мавқеи махсусро ишғол мекунад. Вай унсури комилан грамматиконидашуда буда, маънои мустақили луғавӣ надорад ва амалан ҳамчун формант бо аъзоҳои пайрави ҷумла истифода мешавад.
Яке аз хусусиятҳои пасоянди -ро ба тарзи туфайли (факултативӣ) истифода шудани он аст. Пасоянди -ро шахс, предмет ва ҳодисаи муайян, ягонаро нишон медиҳад. Агар сухан дар бораи мафҳуми абстракт, ё чизҳои дорои мафҳуми умумӣ равад, исми ифодакунандаи объект, одатан бе пасоянди -ро воқеъ мешавад. Дар ин сурат муайянкунандаҳое, ки бо ҳиссаҳои нутқ ё бандакҷонишинҳои шахсию соҳибӣ ифода ёфта ба пуркунанда вобаста шуда омадаанд, дар навбати худ онро конкрет мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор