Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Фирузаро хор шудан намемонад (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Ягона фарзанди худро ба ҳамон кампир мондаанд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Офтобро бо доман пӯшида намешавад (Мақол).
Пасоянди -ро аломати асосии пуркунандаи бевосита аст, ки ба воситаи ҳиссаҳои номии нутқ ифода меёбад:
Аз ҳамон сафар ба мо як ҳикмат ба фоида монд, ки ҳарифро нашинохта қувваозмоӣ кардан аз сабукфикрист (Ф. Муҳаммадиев, Шоҳмот). Гулрӯ кӯзаро гирифта ба ҳавлӣ даромад (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Пасоянди -ро бо пуркунандаи бавосита низ меояд. Пасоянди -ро дар ин вазифа дар забони адабии имрӯза нисбатан камистеъмол аст, ҳол он ки дар забони адабиёти классикии то асри XIX бисёр истифода мегардид. Дар назми имрӯза пасоянди -ро бо пуркунандаҳои бавосита озодона ва фаровон истифода мешавад:
Ин одамро ошу нон надиҳеду аз воқеоти ҷанг нақл кунед (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ). Савсанро гуфт, ки берун, ба ҳавлии миёна, барояд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Суханро вазну тамкини замин бояд — Суханро қудрати ҷонофарин бояд (М. Қаноат, Сурӯши Сталинград). Вазифаи асосии пасоянди барин ташкили таркибҳост, ки муносибати қиёсиро ифода мекунанд. Дар ин вазифа вай одатан пас аз исмҳое истифода мешавад, ки предметҳои дигар аз бобати хусусияти гуногунҳаҷм, ранг, таъм, миқдор ва ғайра бо он монанд карда мешаванд: Акнун ҳавлиатон боғи пионерҳо барин калону боз ҳамон гап (Ф. Муҳаммадиев, Чага).
Пасояндҳои ғайриаслӣ
- Пасояндҳои номӣ ва зарфӣ
Ба ин гурӯҳ калимаҳои зерин дохил мешаванд: қатӣ, пеш, пас, қабл, муқаддам, баъд, замон, ҳамон, эътиборон, боз.
Пасоянди қатӣ аз ҷиҳати пайдоиш бо зарф алоқаманд мебошад. Ба вазифаи ёварӣ калимаи қатӣ (қатӣ) маънои луғавиашро қариб пурра нигоҳ медорад. Дар забони адабӣ пасоянди қатӣ бо таъсири забони зинда ва шеваҳо ба амал омадааст. Ин пасоянд асосан дар услуби бадеӣ, дар навбати аввал дар нутқи персонажҳо мушоҳида мегардад.
Таркибҳое, ки қатӣ бо онҳо меояд, чунин муносибати грамматикиро ифода мекунанд:
а) ҳамроҳӣ, якҷоягӣ: Бале, ман барин ҷавонҳои зебо қатӣ ана дар ҳамин хел ҳавоҳо сайр накунанд, дигар дар ҳавои кушод намешавад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Холаҷон, ду хона, як болохона шабгаҳаш қатӣ ва болои суфаро ба меҳмонҳо тахт кардем, мерасида бошад? (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).
в) восита, тарз ва услуви иҷрои амал: Гоҳо як дасташ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор