Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Қисми устувори лексикаи забон фонди асосии луғавиро ташкил медиҳад. Манбаи фонди асосии луғавӣ аз калимаҳои решагӣ иборат аст. Калимаҳои решагӣ барои сохтани калимаҳои нав, барои ҳосил шудани калимаву маъноҳои муштақ ҳамчун сарчашмаи асосӣ хизмат мекунанд. Сар, чашм, пой, даст, лаб, забон, санг, замин, осмон, нон, орд, асп, кор, роҳ, сафед, сиёҳ, сурх, калон, рафт, омад, дарав, шудгор, кам, пеш, пур, пок ва ғайра калимаҳоеанд, ки дар хазинаи фонди асосии забони умумихалқии тоҷик муддатҳои дароз дар истеъмол буда, устувору барқарор мондаанд ва барои сохтани воҳидҳои луғавии фаровон истифода шудаанд: сарак, сарандоз, саранҷом, сарафроз, сараъзо, сарбаланд, сарбанд, сарбоз, сарвар, саргарм, саргузашт, сардафтар, сардор, сарзамин, сарзаниш, сармоя, сарнавишт ва ғайра; сангзор, санглох, сангпушт, сангреза, сангтарош ва ғайра; нонвой, нонпаз, нонхӯр ва ғайра; говдил, говдӯш, говзӯр, говмеш, говрон ва ғайра; қоранда, коргар, коргоҳ, коргузор, кордон, корнамо, корпарто, корхона ва ғайра; сурхак, сурхпӯст, сурхранг, сурхча, сурхӣ ва ғайра; камбаҳо, камбар, камбориш, камвазн, камгап, камдошт, камтираж ва ғайра; пуравч, пурбаҳо, пургӯй, пурдил, пуркор, пуркунанда, пурмазмун, пурмаъно, пурнур, пуроб, пурхӯр, пурчин ва ғайра.

Ҳудуди фонди асосии луғавӣ характери нисбӣ дорад, зеро элементҳои лексика, доираҳои алоҳидаи он умуман дар тараққиёти доимианд. Гурӯҳҳои лексикӣ аз рӯи суръати тараққиёти худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Одатан доираи фонди асосиро аз рӯи хусусиятҳои устуворӣ, решагӣ, ҳамафаҳмӣ (умумихалқӣ) ва қобилияти калимасозии воҳидҳои нутқ муайян менамоянд. Вале ба тараққиёти таърихии воҳидҳои нутқ амиқтар нигарем, як қатор ихтилофҳо пай ҳам дучор шудан мегиранд. Масалан, ҳамаи калимаҳои решагӣ ба як андоза ба хусусияти устуворӣ соҳиб нестанд. Ба бисёр калимаҳои решагӣ ва аслӣ дучор шудан мумкин аст, ки мавҷудияти худро дар забон кайҳо гум кардаанд ва аз тарафи дигар бисёр калимаҳои аз забонҳои дигар дохилшуда мавҷуданд, ки устувору пойдор боқӣ мондаанд, ҳамафаҳманд ва қобилияти калимасозӣ доранд.

Ба ҳамин тариқ, калимаҳое, ки ба фонди асосии луғавии забон тааллуқ доранд, нисбат ба калимаҳои дигар аз ҷиҳати устуворӣ, умумифаҳмӣ ва қобилияти калимасозӣ доштанашон каму беҳ фарқ мекунанд ва ба баъзе нишонаҳои дигари зер низ соҳибанд. Қисми зиёди калимаҳои фонди асосии луғавӣ аз калимаҳои якҳиҷогӣ ва камҳиҷогӣ иборатанд: сар, чашм, пой, даст, сурх, сиёҳ, пур, пок, рафт, омад, пас, пеш ва ғайра. Роли фонди асосии луғавӣ дар ифодаи алоқаи коммуникативии мафҳумҳо назар ба воҳидҳои дигари луғавӣ бузургтар аст. Ин калимаҳо вобаста ба ин гуна хусусияташон дар забон бештар истеъмол мешаванд ва бо

пешина
аз 457
навбатӣ