Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хотира

Эй чашмахтар,
Аз ҳама беҳтар.
Туро ба бистар
Ёд оварам, ёд.

Ту хизри роҳӣ,
Ҳай бегуноҳӣ.
Хоҳӣ, нахоҳӣ,
Ёд оварам, ёд.

Хуршедталъат,
Шӯри қиёмат.
Аҳди дурӯғат
Ёд оварам, ёд.

Корвонкаш
(Ба шоир Нурмуҳаммад Сироҷӣ)

Ҳамон бедорхобиҳои ту буд,
Ки пайке дод аз «Андешаҳо»-ят.
«Паёми Хоҷаиҷомард» бошад
Паёме аз шукуфтанҳои роят.
Ниҳоят «Хандаи толеъ» мадад кард,
Бишуд андар радифи моҳ ҷоят.
Кунун як «Корвони меҳтар»-еро
Кашӣ бо панҷаи фазли расоят.

Бонги изтироб

Боди кӯчӣ турктозӣ мекунад,
Шамъи худогоҳии моро нигаҳ дор, ай Худо!

Дӯст медорам ҳанӯз
(Ба раққосаи фархорӣ Шоирабону)

Аз хаму печи қадат ноланда чун торам ҳанӯз,
Даргирифта лолаи болои деворам ҳанӯз.
Кард гарчи зиндагӣ аз шоирӣ дилмондаам,
Шеърро бо ёди номат дӯст медорам ҳанӯз.

Мактабам
(Ба шарафи кушодашавии нимпайкараи шаҳиди роҳи
озодӣ Мадсабур Сатторов дар мактаб)

Боди хушҳолӣ вазад бар боғу роғи мактабам,
Шӯълаи шодӣ биборад аз чароғи мактабам.
Дар гулистони муҳаббат лолаҳои нав шукуфт,
З-он муаттар мешавад акнун димоғи мактабам.
Ҳақ ба ҳақдораш расид аз файзи истиқлоли нав,
Бинам акнун аз қудуми ӯ фароғи мактабам.
Он қадар ҳам махзани илму ҳунар гардидааст,
Толибилми беш ояд бар суроғи мактабам.
Баски номи Мадсабурашро гирифтаст ин замон,
Дур гардад аз назарҳо дарду доғи мактабам.

Бо хати мижгон

Ҳаст қалбат ҳамчу санги
Бесутуни мулки Эрон.
Андар ӯ номам нависам
Бо хати мехии мижгон.

Рез борон!...

Рез борон,
Рез борон!
Рез, эй борони найсон, бар сари кӯҳу биёбон,
Бар канори ҷӯйборон,

пешина
аз 118
навбатӣ