Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Аз вафову эҳтиром, аз дӯстиву эътиқод,
Дар замини синааш анборҳо дорад раис.
Банда кохи мидҳаташро шишабандӣ мекунад,
Сад чу ман аз шоирон меъморҳо дорад раис.
23.07.1991.
Солҳо зӣ
(Ба Ҳофизи Мардумии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасанов)
Ин қадар созу сурудат хубу шево, Файзалӣ,
Рӯҳу ҷони тоза бахшӣ базми моро, Файзалӣ.
Аз сурудат нағмаҳои обшорон мерасад,
Боғи санъат гашта аз ту сабзу зебо, Файзалӣ.
Мекунӣ афсун ба овозат дили касро мудом,
Ин чи асроре дар овозат муҳайё, Файзалӣ.
Рӯҳи Ҷомӣ, Ҳофизу Бедил, Камоли хушсухан
Шод гашта аз навоят то Сурайё, Файзалӣ.
Домани устод Одина гирифтӣ бо умед,
З-ин шудӣ дар ҷодаи санъат тавоно, Файзалӣ.
Мухлисонат аз дили пурмеҳр арзе мекунанд:
Солҳо зӣ шодкому бош бо мо, Файзалӣ.
Умед
Дар ҳавои орзуҳо
Чун парасту мезанам пар.
Меравам ман сӯи дилбар.
Носипосе гар
Бишканад болу парамро,
Бо қаноти дил биёбам дилбарамро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё