Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Шабеҳ
Шом буда модари зангии ман,
Чун ба шаб гаштам таваллуд,
Ҳаст мисли шаб сияҳрангии ман.
Сардӣ
Нафаси сарди замон кард асар—
Дилам аз сардии он сард шудаст.
Айнӣ
Нахоҳам дод Айниро ба савдои хаси бозор,
Маро аз меҳри ӯ дар сина савдои дигар бошад.
Дузд
Чашмро чун дӯхтам бар офтоб,
Ранги зардаш дидаму гуфтам:
Рангзардиро зи ман дуздидааст.
Пайки озодӣ
(Баъди ҷанг дар қаъри дарёи Днестри давлати
Молдавия танки шӯравӣ ёфт шуд)
Ба рӯи пояе дидам
Ситода танки вайрона,
Даруни таркашаш мондаст
Ду тан гунҷишкаке лона.
Саропояш чу ғирбол аст
Ба монанди тани сарбоз.
Кашад монанди маҷрӯҳе
Зи боди сар-сарӣ овоз.
Хаёлам танк мехонад
Ба гӯши мо ҳадиси ҷанг;
Сифоти ҷумла сарбозон,
Сифоти мардуми бонанг.
Парад аз таркашаш гунҷишк
Ба ҷои тири дунёсӯз.
Зиҳӣ, эй пайки озодӣ,
Зиҳӣ, эй олами фирӯз!...
Тӯша
Қуллаҳои орзуро
Фатҳ месозам ба парвози хаёл.
Дар сафар
Тӯшаам азму субот аст.
Аз дил занад сар
(Ба ҳофиз Олимҷони Азим)
Чун нағмаҳои борони баҳор,
Чун хандаҳои зебои нигор.
Чун розҳои марғуби ҳазор
Савту навои Азими Олим.
Аз по фиканда ифрити ғамро,
Чун Панҷрӯдаш софу мубарро.
Бар захми дилҳо бошад мудавво
Савту навои Азими Олим.
Чун сӯзане хори по барорад,
Аз дӯш бори сангин фарорад.
Бар хотири кас фараҳ биёрад
Савту навои Азими Олим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё