Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Қитъаҳои шеъри худро обмонӣ мекунам,
Деҳқонӣ мекунам.
Сатрҳоям чун қатори пахтазорон,
Ҳарфҳояш чун ниҳолон
Аз замини синаам қад мекашанд,
Аз замини синаи бекинаам қад мекашанд.
Кошкӣ, бор оваранд,
Ганҷи бисёр оваранд.
Ганҷҳояш чун маҳиннахпахтаи тоҷики мо
Қимат аз тилло шаванд,
Шӯҳрати дунё шаванд.

Беди маҷнун

Шохаҳоят то замин хам,
То замини нозанин хам.
Дар ту сирре ҳаст оё, беди Маҷнун,
Ки ҳаметобӣ ту маҳзун?
Ёфтам сирри ниҳонат,
Медиҳӣ ҳар лаҳза пандам:
Хокро бӯсед, бӯсед,
Ҳарчӣ хоҳед,
Аз замин онро биёбед.

Нақш

Душмани рӯз-ошиқи шаб—
Моҳ худро ширсон полудааст,
Боз ҳам дар доғҳо олудааст.

Қиссаи талх

Ин қисса чи талху дарднок аст,
Чун обилаҳои дасти ток аст.
Ҳар сарв, ки сар кашад ба гардун,
Фардо нигариш, мушти хок аст.

Шона

Дар доми зулф аст
Ин ошиқи зор.
Дандон намояд
Гурги гирифтор.

Ишқ

Гарчи ту нохонда меҳмонӣ,
Дар дили ман
Ҳамчу соҳибхона мемонӣ.

Хати мандал

Сифла бошад чархи пири ҳуққабоз,
Дар бағал ҷо мекунад бадкешро.
Ман чу соҳир аз зиёни девҳо
Дар хати мандал бигирам хешро.

Исфара

Исфара, эй маҳзани ишқу умед,
Эй сароғози суруду достон.
Бар канорат омадам имрӯз шод
Аз лаби дарёи Панҷи зарфишон.

Омадам, то боз бинам рӯи ту,
Боз бинам рӯи мардони баор.
Боз ман дар ҳалқаи ёрони хеш
Бишкуфам чун офтоби навбаҳор.

Созҳои «Шашмақом»-ат метананд
Торҳое дар фазои синаам.
Лаззате, к-аз ҳусни ту бардоштам,
Мешавад эҳсос дар ҷону танам.

пешина
аз 118
навбатӣ