Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Таманно
Дар шохаи гесӯят
Мурғи дили ман хобад.
Дар оинаи рӯят
Фардои раҳам тобад.
Пуршӯр чу дарёӣ,
Ман мавҷи ҳавасҳоям.
Шайдогари дилҳоӣ,
Ман ошиқи шайдоям.
Дар субҳдами васлат
Донӣ ба чӣ ҳолам ман?
Дар чуну чарои ишқ
Хамгашта суолам ман.
Эй кош, баҳори ишқ
Як умр ҷавон монад,
Шаббодаи бахти мо
Хушбӯю вазон монад.
Зимистон
Зимистон пирбонуест,
Мезояд баҳори сабз.
Шаб
Ҳаст шаб чун модари фарзандгумкарда,
То дарояд аз дараш фарзанд,
Бо ҳазорон чашм дорад интизорӣ.
Ҳамқавм
Қавми Зардуштам,
Душмани худро ба оташ —
Оташи ҳарбу ғазаб куштам.
Сано
Гарчи гӯяндам, ки ӯ дорад даҳан,
Шукр дорам,
Нестам аз бедаҳанҳо.
Ноз
Шаб агар бо ахтарон нозад,
Субҳ менозад бад-он ки:
Шамс мезояд.
Ману ту
Зимистони гузашта ёдам омад,
Набудам ҳеҷ парвое зи сармо.
Ману ту роз мегуфтем бо ҳам,
Миёни кӯчаҳо бигзашта танҳо.
Фитода бар сару дӯшу ба мӯят,
Чу ахтарпораҳо барфи дурахшон.
Гули барф об мешуд аз гули рӯт
Ба монанди дили ман дар шабистон.
Ба зери чодари барфи зимистон
Ҳамегуфтем рози ошиқона.
Вале дар айни сармо дар дили мо
Хаёлам, офтобе дошт хона.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё