Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба ҳам гаштем мову дилбари ман,
Ба ҳам бошед дар ҳар гӯша, ёрон.
Ки сармои зимистон ҳеҷ бошад
Ба пеши гармии дилҳои сӯзон.

Пажвоки таассуф

Баски пажвоки паёми ман наомад,
Аз ҷафои чархи бепидром
Он қадар бигристам хун,
Вардгун, гувдоли аҳмар гашт.
Ғусл кардӣ чун дар он,
Сурх шуд рухсораҳоят,
Шуд қабоят арғавон.

Хунрез

Ташнаи хун,
Косаи чашмам пур аз хун аст,
Ҳар қадар хоҳӣ, бинӯш.

Мутобиат

Зард кардан мӯйро гардид мӯд,
Давр ҳам ибрат гирифта,
Чеҳраамро кард зард.

Тахтаи шоҳмот

Тахтасанги роҳ монад тахтаи шаҳмотро, Мардумон чун мӯҳраҳо Дар дасти бозихоҳи тақдиранд.
Нест маълум,
Дар чунин бозии шаҳмот Кӣ шавад ғолиб,
Кӣ шавад, кай мот?...

Таклиф

Набошад пой ҳам, боре
Тавонӣ роҳпаймоӣ.
Вале чун метавон рафтан,
Чу бошад ҳар ду чашми зиндагонӣ кӯр?

Мисраи даркорӣ

Дар миёни мисраи бисёр
Мисраи маъқулу даркор
Мисраи роҳ аст, ки моро ба манзил мебарад.

Хоҷамӯъмин

Хоҷамӯъмин…
Ҳамчунон як марди пири мӯсафедест.
Оби шӯри чашмаҳояш Ашки чашми ғуссадор аст.
Дар қабои абр чун дар ҷомаи мотам Бинамаш,
Гӯям:
 «Дар азои миллати худкуш»
Хоҷамӯъмин ҳам азодор аст.
12.08.1998.

Марди роҳ

Чун ҳавои шеъри нав дар сар,
Кӯлвори шоирӣ дар бар.
Баҳри фатҳи қуллаи армон
Марди роҳам.


Мисраъ аз устод Алимуҳаммад Муродӣ аст.

пешина
аз 118
навбатӣ