Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Ангораи қавми тоҷдорон Роғун,
Зангӯлаи дасти обшорон Роғун.
Бишкуфт ба гулшани ватандории мо
Чун лолаи сурхи рӯи ёрон Роғун.
Ахтари бахт
Ту будию ҷаҳони орзуҳо,
Баҳористон буд он оғӯши гармат.
Дарахти ишқамон гулбор гашта,
Ҳамебахшид рӯҳам ҳарфи нармат.
Шабе бикшода пешам дафтари дил,
Бигуфтӣ: —Рост бошад фоли мардум,
Ки ҳар касро ба боми Каҳкашонҳо
Бувад дар гӯшае рахшанда анҷум?
Бигуфтам: — Рост, эй ёри суманбар,
Бубин, кунҷе дурахшон қӯшаахтар.
Гумонам ахтари рахшони моанд,
Чунин поку зулолу меҳрпарвар.
Аз он дам солҳое даргузашта, Фитода гарди раҳҳое ба мӯям.
—Ҷавонӣ ҳамчу селоби баҳорӣ Шитобон рафта, — мегӯӣ, —зи ҷӯям.
Ба ёди ту назар созам шабонгаҳ
Хаёлӣ то ба сӯи боми гардун.
Аҷаб расмест дунёи куҳанро,
Ки созад гоҳ шоду гоҳ маҳзун.
Даме ки хотират озурда гардад,
Ба сӯи тифламон бинмо назора.
Зи лабхандаш бубинӣ хандаи бахт,
Дурахшад дидагонаш чун ситора.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё