Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Шуълаи овоз
Тоб хӯрда бесадо
Меравад боло.
Шуълаи оташ бувад овози ман.
Мерос
Он чи баҳрам аз падар мерос мондаст
Ҷовидонӣ:
Не шукӯҳу тоҷу фар, не симу зар,
Росткориҳост.
Ситораофар
Гӯянд ситора гаштан осон набувад,
Ман лек осон
Аз дида ситораҳо бирезам арзон.
Ҳикмати шамъ
Номусу орро
Бар дӯш бурдан аст.
Бар рағми ину он
Хандида мурдан аст.
Мубарро
(Ба Озар)
Самои синаи ту беғубор аст,
Уфуқи китфи ту исторазор аст.
Шаби абрӯи ту бошад шаби қадр,
Ки дар рӯи ту нури Кирдигор аст.
Гули сияҳгӯш
Хотирам з-ин фоҷиа озурд:
Раст аз хуни Сиёвуш,
Чун Сиёвуш бармаҳал мурд.
Заволи нур
Кушта шуд аз оҳи сардам шамъи рӯшан,
Ёдам омад Саъди Ваққосу заволи аҳди Кисро.
Савдо
Маро завқе ба он савдо набошад,
Ки мардеро фурӯшам пеши номард.
Ҳавр
Карда сарпӯш аз сараш дур,
Аз ҳисори дег меояд бурун.
Ҳавр ҳам мехоҳад озодӣ.
Орди шеър
То шавад орд гандуми шеърам,
Осиёсангвор мечархам.
Оҳ
Медиҳад аз дарду ғамҳоят наҷот,
Нест дард ин оҳ,
Бал бошад нишот.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё