Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Адои духтаронро мепарастам,
Нидои духтаронро мепарастам.
Мани ошуфтаи ишқу муҳаббат
Вафои духтаронро мепарастам.
Маро ту хира мисли пашша гуфтӣ,
Чи хуш гуфтӣ, бигардам аз забонат.
Лабонат баски чун шаҳд аст ширин,
Манам он пашшаи гирди лабонат.
Ману як умр он ҳусни расоят,
Ману як умр он нозу адоят.
Ману як умр он дилдории ту,
Ману як умр он меҳру вафоят.
Сабақ омӯзам аз ҳар фарди доно,
Таҳаммулро зи ҳар кӯҳи тавоно.
Хаёле мекунам то осмонҳо,
Ки донам дар замин кӣ буданамро.
Мусофирҳои роҳи орзуем,
Ҷавони наврасему комҷӯем.
Вафову меҳр моро тӯшаи роҳ,
Ғубору чанги дунёро бишӯем.
Умеду орзуи ман туӣ, ту,
Ҷаҳони ҷустуҷӯи ман туӣ, ту.
Барои равнақи фардои назмам
Мудом ашъоргӯи ман туӣ, ту.
Аё дарё, хушовоӣ, хушово,
Талотумҳо ҳамезоӣ саропо.
Миёни ҳалқаи занҷири обат
Муаммоӣ, муаммоӣ, муаммо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё