Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хато кардам ба ту дил додам, эй гул,
Ба роҳи ошиқӣ афтодам, эй гул.
Агарчи хок пошидӣ ба рӯям,
Ду дида сӯи ту бикшодам, эй гул.

Надорам дӯстӣ бо шахси бадхоҳ,
Нанӯшам оби ҳавзи рӯи раҳро.
Ба санге бархӯрад поям, натарсам,
Вале тарсам бувад аз санги дилҳо.

Нигоҳам аз нигоҳат ранг гирад,
Рубоби табъи ман оҳанг гирад.
Магар шаст аст он гесӯи чангат,
Дилам чун моҳие бар чанг гирад.

ҒАМБОДА

Мадсабур
(Ба ёди шаҳиди роҳи озодӣ, полковник
Мадсабур Сатторов)

Номбардори Аҷам буд байни ёрон Мадсабур,
Баҳри миллат рехт ашке мисли борон Мадсабур.
Шамъи ваҳдатро фурӯзон карда дар бурҷи дилаш,
Гирд меовард бас қавми парешон Мадсабур.
Ҳамчунон як меваи пухта фитод аз шохсор,
Дар самои умр шуд барқи дурахшон Мадсабур.
Шишаи номусро аз пора гаштан кард ҳифз,
Ҷуръаҳо мекард нӯш аз соғари ҷон Мадсабур.
Чун гиёҳи ташналаб аз боди сӯзон гашта хушк,
Бурд бо худ орзую ишқу армон Мадсабур.
Чун гули вартоҷ меовард рӯ бар шеди ҳақ,
Буд дар роҳи адолат теғи исён Мадсабур.
Дар баёзи родмардӣ шоҳбайти хоса буд,
Канда шуд мисли варақ аз банди девон Мадсабур.
Сӯхт ҳамчун кундаи тар аз ғаму дарди Ватан,
Бо Ватан ҳамдард буд чун сарбадорон Мадсабур.
Мисли тири аз камон ҷаста фиканда ғулғула,
Монд аз худ дуди оҳу вои печон Мадсабур.
1.07.2000.

Хоҳиш
(Катибае барои сари санги мазори
писарам Солеҳҷон)

Гандумирангам, ба зери хок пинҳон гаштаӣ,
Мехӯрам хуни ҷигар, кай майсавор бурун оӣ?
18.04.1994.

пешина
аз 118
навбатӣ