Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Таронаи хар

Як замон, эй одамон,
Ароба мекашидам.
Ин замон аробаро
Ба одамон бахшидам.

Зери чанг астем мо
(Арзи тракторҳои вайрона)

Инженеро, то ба кай дар зери чанг астем мо,
Бо дили озурда умре зардранг астем мо.

Рӯзи аввал омадан моро гирифтӣ пешвоз,
Пас ту бепарво шудӣ, дар ҳоли танг астем мо.

Аз дилу пою ҷигар пурсӣ, набошад дар бадан,
Хоб зери осмон чун товасанг астем мо.

Лек аз минбар бигӯӣ: «Техника мушкилкушост»,
Аз чунин гуфтору рафторат гаранг астем мо.

Барфу борон дар зимистон рӯямон чун барг рехт,
Вақти гармо дар паноҳи чатри занг астем мо.

Ҳар касе бар сӯи мо бо ҳайрате дорад назар,
Гӯӣ аз рӯзи азал рӯбоҳи ланг астем мо.

Як замон бар ҷои садҳо одамон кардем кор,
Шод буд деҳқон, ки пурқудрат чу танк астем мо.

Қисмҳои рафтаро гар бозгардонӣ, зи нав
Баҳри авҷи корҳо дорои нанг астем мо!

пешина
аз 118
навбатӣ