Зеҳн
Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Азимбои Хоҷамуҳаммад баъди хатми мадраса ба Панҷакент баргашта, ба мактабдорӣ машғул мешавад.
Баъди ҳашт соли мактабдорӣ соли 1909 бо пешниҳоди Қозӣул-қуззот Бурҳониддин ӯ Қозӣ-муҷтаиди Панҷакент таъин мешавад, ки амри ӯ барои Қозиҳои ибтидоии маҳал воҷиб ҳисобида мешудааст. Дере нагузашта ин марди донишманд дар водии зарафшон бо номи Қозӣ Азимбой шуҳратёр мегардад. Сабаби дигари овозадории қозӣ Азимбой дар он буд, ки ӯ дар мактаби худ бачагони нодору сағир ва камбизоатро қабул карда, онҳоро бо хӯрок ва ҷои хоб хуб таъмин менамуд. Барномагии ӯ дар баробари илми илоҳиёт фанҳои адабиёту табиёт, ҳандасаю ризоиёт, яъне илми дунявӣ ҳам таълим дода мешуд. Мактаб чорсола буд.
Қозӣ Азимбой мактабашро бо усули ҷадид, монанди мактаби Абдуқодир Шакурии Самарқандӣ ва Абдулвоҳид Бурҳони Бухороӣ ба тарзи синф ва ҷадвали дарсӣ ташкил карда буд. Аксари хатмкардагони мактаби Қозӣ Азимбой ходими ҷамъиятӣ шудаанд, аз қабили Мулло Азизқул, Мулло Шаҳоб, Ҷумъабой ва Мулло Комил Комиловҳо, Мулло Баҳриддин, Мулло Додхоҳ, Мулло Қурбон Мирмуҳаммадов, Хоҷа Юсуф Юсуфов ва дигарон, ки ҳамаи онҳо дар мақомоти давлатии ҳукумати нав ба кор ихтисос доштанд.
Ин марди закӣ ходими намоёни ҷамъиятӣ ҳам будааст. Ӯ бо хоҳиши ҳукумати вилояти Самарқанд аз 6 ноябри соли 1921 бо роҳхати расмӣ бо саркардаҳои ҳаракати босмачигарӣ барои қатъ намудани ҳаракатҳои беҷо баҳри машварат ба Оббурдони Мастчоҳ меравад. Вале гуфтушунид натиҷа надодааст.
«Мо бо қозии болшавой гуфтугӯ намекунем»,– гуфтаанд босмачиҳо тибқи ривояти мушоҳидони ҳодиса.
Қозӣ Азимбой марде будааст адолатхоҳ, дурандеш, ятимпарвар ва саховатманду савобҷӯй.

Абдурофеъ Рабиев соли 1951 дар деҳаи Меҳнатободи
ноҳияи Вахш ба дунё омадааст. Нависандаи шинохтаи тоҷик, аз оилаи деҳқон.

пешина
аз 34
навбатӣ