Олимон

Китобҳои зерин бо қалами Бобобекова Меҳринисо навишта шудаанд: «Барги сабз», «Хӯшаи парвин», «Нафаси субҳ», «Шароби нур», «Оини хуршед», «Исми шаби ишқ», «Меҳроби меҳр», «Пурсадотар аз сукунат», «Дар партави ишқ», «Гулбаргҳои ҳамдилӣ», «Модарам», «Оҳанги зиндагӣ». Бисёр таронаҳои ӯ дар репертуари радиову телевизион буда, аз тарафи овозхонон сароида мешаванд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шоираи хушзавқ бо ордени «Шараф» қадр шудааст. Аз 30.04.2015 Узви Маҷлиси миллии МО ҶТ таъин гардида буд.
Бобо Насриддин соли 1933 дар деҳаи Ғарибаки ҷамоати деҳоти Хурмӣ, дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаб-интернати шаҳри Панҷакент ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе, ба номи Т.Г.Шевченко дохил шуда, онро соли 1959 бо ихтисоси филолог ба итмом расонида буд. Фаъолияташро аз рӯзноманигорӣ оғоз намуд. Дар солҳои 1959-1973 чун ходими адабӣ, мудири шуъба, котиби масъул ва ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Газетаи муаллимон» фаъолият дошт. Бобо Насриддинов дар солҳои 1960 ба корхои адабӣ-эҷодӣ бештар машғул мешавад. Ҳикоя ва очеркҳои нахустинаш дар маҷмӯаи «Рози дид» (1965) гирд омадааст. Маҷмӯаҳои «Чароғи пули сангин» (1967), «Оҳубарра» (1967), «Дар зери осмони кабуд» (1973), «Ҷуфти ситора» (1975) ҳикоя ва очеркҳои минбаъдаи нависандаро дар бар гирифтаанд. Б.Насриддинов дар ҳикоя ва очеркҳояш кору зиндагӣ ва ишқу муҳаббати инсони муосирро тасвир кардааст. Повести «Акси садо» ба забони русӣ ва ҳикояҳояш ба забонҳои дигар тарҷума шудаанд. Худи ӯ бисёр китобҳои адибони хориҷиро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст, ки забонаш фасеҳу равон буда, ба хонанда ғизои руҳӣ мебахшад.
Бобо Насриддинов аз соли 1976 узви Иттифоқи Нависандагони СССР мебошад. Бо медали «Барои меҳнати шоён»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё