Зеҳн
Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои хизматҳои шоистааш бо ордени «Шараф» (1999), барои силсилакитобҳои русӣ бо ордени «Шараф ва мардонагӣ»-и Бунёди фарҳангии «Честь и мужество»-и шаҳри Санкт-Петербург қадршиносӣ гардидааст.
Ҳамчунин, бо нишонҳои фахрии «Аълочии матбуоти
Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии
Тоҷикистон» ва Ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.
Узви Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистон. Аз соли 2011 ин ҷониб узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон мебошад. Дар нашри ҳамин китоб ташаббускор ва ҳиссагузор буд.

Сармад – Гадобой Ӯзбеков соли 1948 дар деҳаи Ғаззаи ҷамоати Ворӯ, собиқ ноҳияи Колхозчиён ба дунё омадааст, дар оилаи деҳқон. Баъди хатми мактаби 7-солаи деҳааш таҳсилро дар омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент давом дод. Баъди хатми омӯзишгоҳ ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Душанбе, ба факултаи филологӣ дохил шуда, онро соли 1974 хатм намуд.
Фаъолияти меҳнатиро аз рӯзноманигорӣ оғоз намуд.
Ҳанӯз, вақти дар донишгоҳ таҳсил намуданаш ба рӯзномаҳо хабар ва мақолаҳои кӯчак менавишт, касби журналистӣ машқ менамуд. Бештар ба рӯзномаҳои «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон», «Омӯзгор», «Комсомоли Тоҷикистон» менавишт. Беҳуда набуд, ки ӯ соли 1974 ба рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба кор омад. Ҳаёти худро ба рӯзноманигорӣ бахшид. Аввал ходими адабӣ, баъд мудири шуъбаи «Газетаи муаллимон» буд. Аввалин чакидаҳои шеърии Сармад дар рӯзномаҳои номбаршуда ба табъ мерасиданд.
Маҷмӯаи нахустини шоири ширинкалом бо номи «Ашки тарма» ва баъдтар маҷмӯаи дигараш соли 1996 зери унвони «Вожаҳои сияҳпӯш» ба табъ расид. Тозакории шоир дар он буд, ки ӯ нахустин шуда дар адабиёти муосир бо номи «Сафинаи Суғд» достони назмии фантастикӣ офарид. Ӯ аъзои Иттифоқи журналистон ва нависандагони Тоҷикистон буд.
Лек шоир умри кӯтоҳ дид. Соли 1994 ин ҷаҳонро падруд гуфт.

пешина
аз 34
навбатӣ