Зеҳн
Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Асосан аз соли 1965 ба навиштани асарҳо сар мекунад. Ӯ муаллифи китобҳои «Занги аввал», «Шинел», «Сабо», «Зарафшон» (се қисм), «Актёр», «Достони писари худо», «Буд набуд», «Ҷӯгӣ», «Лоиқнома», «Дашти морон», «Марди танҳо» ва дигарҳо мебошад. Аз рӯи номгӯӣ ин асарҳо маълум мегардад, ки Сорбон нависандаи сермаҳсул будааст. Ӯ ба тарҷумони низ шуғл варзида, романи Нодар Думбадзе «Ман офтобро мебинам» ва повести Чингиз Айтматов «Киштии сафед»-ро ба забони тоҷикӣ гардонидааст. Асарҳои ӯ бо забонҳои халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар халқҳо тарҷума шудааст.
Устод Сорбон аз соли 1971 ин ҷониб узви ИН Тоҷикистон буда, барои романи таърихии «Достони писари худо» ба дарёфти Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ мушарраф гардидааст.
Куллиёти 10 ҷилдаи ин нависандаи хушсалиқа зеби рафҳои китобанд.
Ба дили ранҷури мардум ошност, Хайрхоҳи «Ҷӯгӣ»-ёни бенавост.
Дил варо нарм асту аммо синааш, Ҳамчунон «Санги сипар» ҳоло барҷост.
(Равшани Ҳамроҳ).

Шодӣ Саттор соли 1944 дар оилаи деҳқон, дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати Косатарош ба дунё омадааст. Шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон. Хатмкардаи мактаби миёнаи деҳааш ва факултаи таърихи Университети Давлатии Тоҷикистон (1973). Дар идораи рӯзномаҳои «Зарафшон»
(Панҷакент), «Коммуна» (Орҷоникедзеобод) ва рӯзномаи Республикавии «Совет Тоҷикистони» (1965-1970) кор кардааст. Шеърҳояш аз соли 1960 ин ҷониб дар матбуоти даврӣ чоп мешуданд. Шоир асосан барои бачагону наврасон шеър менависад. Касби асосиаш омӯзгорӣ буда, дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии деҳаи Чорбоғ муаллими таърих мебошад. Муаллифи маҷмӯаҳои «Зангӯла» (1971), «Сӯфитурғай»
(1981). Ӯ тарҷумонӣ ҳам мекунад. Шеърҳои шоирони тоҷик М.

пешина
аз 34
навбатӣ