Зеҳн
Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вазъи иқтисодӣ водораш намуд, ки тарки касб намуда, ба Корхонаи муштараки «Зарафшон» ба кор дарояд. Аз соли 1997 то имрӯз (с.2015) мудирии архиви коргоҳи мазкурро ба ӯҳда дорад.
Фаъолияти адабии Эҳсон Субҳон солҳои 70-уми қарни гузашта, ҳангоми донишҷӯӣ дар матбуоти даврӣ фаъолона ширкат мекард. Бисёр хабару мақола, тақризу китобиёт ва ҳикояву таронаҳояш дар рӯзномаҳои гуногун чоп мешуданд. Аввалин ҳикояи ӯ бо номи «Интихоби касб» дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба табъ расида буд. Фаъолияти бевоситааш дар матбуот маҳорату малака ва истеъдоди ӯро сайқал дод. Вай дар тамоми фаъолияти меҳнатиаш баробари кори нашриёту матбуот ва таълиму тарбия эҷоди бадеиро идома медод. Натиҷаи ҳамин аст, ки то имрӯз чандин китобҳояш чоп шуда, дастраси хонандагон гардидаанд.
Маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои ӯ, ки бо номҳои «Донаи умед» (1985), «Ишқи зиндагӣ» (1989), «Ташнаи дидор»
(1989), «Дили сӯхта» (1997), «Қадаҳи шикаста» (1998), «Чашмандоз» (1999), «Шишаи номус» (1999), «Пайкари рӯъёӣ» (2002), «Ғариби хонаи хеш» (2004), «Нишона»
(2005), «Ашки қалам» ба табъ расидаанд, аз тарафи хонандагони нуктасанҷ хуб пазироӣ ва эътироф шудаанд.
Қобили зикр аст, ки қиссаи «Ғариби хонаи хеш» дар озмуни ҷумҳуриявӣ ба муносибати 10-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон (аз тарафи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ эълон шуда буд) ҷои аввалро гирифта, бо мукофот қадр гардид.
Ҳоло асарҳои нави баъдинаи ӯ бо номҳои «Панди падар» ва «Номаи гумшуда» низ дар дасти хонандагон аст.
Хизматҳои Эҳсон Субҳон бо унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сипосномаҳо қадр шудаанд. Ӯ аз соли 1980 узви Иттифоқи байналхалқии журналистон ва аз соли 1990 узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Шаҳодат Ҷалолова соли 1983 дар оилаи зиёӣ, дар шаҳри
Панҷакент ба дунё омадааст. Хатмкардаи муассисаи
таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30, ба номи Исмоили Сомонӣ.

пешина
аз 34
навбатӣ