Олимон

Ҷумъабой Азизқулов, номзади илми филология, Ходими Шоистаи фарҳанг, узви Иттифоқи нависандагони собиқ СССР ва Тоҷикистон.
Соли 1934 дар деҳаи Панҷрӯд, деҳшӯрои ба номи Рӯдакӣ ноҳияи Колхозчиён таваллуд шудааст. Дар деҳаҳои ПанҷрУд ва Ғӯсар таҳсили ибтидоӣ ва миёна кардааст ва хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон мебошад.
Азизқулов Ҷумъабой фаъолияти илмиашро дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти АИҶТ (1958-1969) ҷараён карда, сипас ба кори Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии тоҷик гузашта, то соли 2006 дар вазифаҳои муҳаррири калони илмӣ (1969), мудири редаксияи адабиёт, забон, фолклор (1970-1980), котиби масъул, муовини сармуҳаррир (1980-1988) ва сармуҳаррир (1988-2006) фаъолият кардааст. Солҳои 1996-2006 котиби илмӣ ва профессор
– мушовири кафедраи таърих ва фарҳанги Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, аз соли 2007 котиби масъул ва узви ҳайати таҳририяи Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон будааст. Таълифоти илмиаш ба ҳайси муҳаққиқ, рисолаву китобҳои «Абдулқодирхоҷаи Савдо»
(1960), «Саъдии Шерозӣ» (1962) ва мақолаҳои сершумореанд, ки дар нашрияву матбуоти собиқ Иттиҳоди шӯравӣ ва ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд. Ба ҳайси адиб китобҳои «Пандномаи Синдбод» (1963), «Гулзори ҳикмат» (1966), «Китоби ҳаким Синдбод» (1971)-ро таълиф карда, Осори А.
Олимҷонов «Маснади Рӯдакӣ» (1973) ва «Пайкони Маҳамбет» (1983), В. Шукшин «Сӯҳбати моҳтобшаб»
(1981), О. Ганчар «Одам ва яроқ» (1985), Й. Авижус «Бехонумон» (1987), Н. Нерсесян «Рустам ва Дилором» (1988), Т.
Ҷумагелдиев «Чароғ то саҳар фурӯзон буд» (1991), ҳамчунин романҳои А. Дюма «Се мушкетдор» (1984), «Граф Монтекристо» (1994), Я. Гашек «Саргузашти сарбози чолок Швейк» (1996) ва ғайраро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии матбуоти СССР» (1987) буда, бо нишонҳои «Зарбдори панҷсолаи даҳум» (1979), медали «Барои меҳнати шоён» (1970), «Собиқадори меҳнат» (1994) буда, бо Ифтихорномаҳои Раёсати АИҶТ (1975), Вазорати фарҳанг ва иттилооти ҶТ (1996) қадр шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё